Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни рус дар суқути MH17 даст доранд


Гурӯҳе аз бозрасони мустақил, ки суқути парвози 17 ҳавопаймои Малайзияро анҷом медоданд, гузориши худро чоп кардаанд ва онро ба додситонҳои Ҳолланд гузоштанд. Дар он гуфта мешавад, ки фармондеҳони низомии Русия дар суқути ин ҳавопаймо даст доранд.

Ин гузориш 14 феврал тавассути як гурӯҳи бритонёӣ бо номи Беллингкат (Bellingcat) ба чоп расидааст ва дар он гуфта мешавад, ки ин ҳавопаймо бо мушаки "Бук-М1" –и бригадаи мушакии 53-и нируҳои мусаллаҳи Русия зада шудааст.

Бино ба маълумоти бозрасон, низомиёни ин бригада дар шабакаҳои иҷтимоӣ аксҳоеро ба нашр расондаанд, ки гувоҳи ҳузури онҳо дар минтақаи марзии миёни Украинаву Русия дар моҳи июли соли 2014 мебошад.

Дар ин бора 13 октябри соли 2015 низ гузориши Шӯрои Амнияти Ҳолланд чоп шуда буд ва дар он омада буд, ки ҳавопаймои ширкати Малайзия бо мушаки “замин ба ҳаво” зада шудааст.

Боинг 77 бо 298 нафар 17 июл аз Амстердам ба Куала- Лумпур парвоз мекард.

XS
SM
MD
LG