Имрӯз дар Қирғизистон маъракаи санҷиши роҳбарони муассисаҳои динӣ ва омӯзгорони мадрасаҳо шуруъ мешавад.
Тибқи қарори нави Идораи маънавии мусалмонони Қирғизистон, роҳбарон ва омӯзгорони муассисаҳои таълимии динӣ бояд маълумоти олии дунявӣ доштанд бошанд.
Дар Қирғизистон 10 мактаби олии динӣ ва 92 мадраса сабт шудааст. Ба гуфтаи муовини мудири Комисияи давлатии корҳои динӣ Бакитбек Усмонов, қисми зиёди роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ба санҷиш роҳ наёфтанд.
"Тибқи қарори нави Идораи маънавии мусалмонон, роҳбарони чунин муассисаҳо вазифадоранд, ки ҳам маълумоти олии динӣ ва ҳам дунявӣ дошта бошанд. Бисёриҳо маълумоти дунявӣ надоранд ва барои ҳамин 92% ба санҷиш (аттестатсия) роҳ дода нашуданд. Ба ҷуз ин, 483 омӯзгор ҳуҷҷат супориданд ва аз ин шумор 42 нафари онҳо иҷозат дарёфт накарданд", - мегӯяд Усмонов.
Дар ҳамин ҳол, муовини муфтии Қирғизистон Замир ажи Кариев гуфтааст, ҳадафи ин санҷиш боло бурдани сатҳи донишҳои динӣ, афзоиши эътибори мадраса ва пешгирӣ аз тундгароии ҷомеа аст.
То ин замон дар он кишвар Шӯрои мудофиа дар чанд ҷаласааш вазъи диниро баррасӣ карда буд. Дар Қирғизистон Консепсияи сиёсати давлатӣ дар бахши динӣ қабул шудааст. Алмосбек Отамбоев, президенти он кишвар низ гуфтааст, кишвар мухолифи исломзадагӣ ва таассуби динӣ аст.