Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон аз Бразилия 50 ҳавопаймио мегирад


Эрон барои харидории 50 ҳавопаймо ба ширкати Эмбраери Бразилия дархост додааст. Дар ин бора Муҳаммад Боқир Навбахт-сухангӯи ҳукумат ба матбуот хабар додааст. Эмбраер севвумин ширкати бузурги ҳавопаймосозӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад.

Муҳаммад Боқир Навбахт гуфтааст, баъд аз бардоштани таҳримҳои зидди Эрон дар 16 январ ҳукумат қарордоди кирояи ҳавопаймоҳоро имзо хоҳад кард.

То ҳол Эрон эълон кардааст, ки ба ширкати ATR- и Аврупо 118 аэробус фармоиш додааст. Ин қарордод аз 10 то 11 миллиард доллар арзиш дорад ва он ҳам дар асоси қарордоди кироя дар ихтиёри Эрон гузошта мешавад.

Фарҳод Парвариш–раиси ҳавопаймоии Эрон гуфт, ки тақрибан 80-85 дарсади таъмини молӣ аз ширкати Аэробус ва бонкҳои аврупоӣ меояд.

Аз соли 1995 ба ин сӯ Эрон наметавонист аз ширкатҳои ҳавопаймосозии Ғарб ҳавопаймо харидорӣ кунад, чун таҳти таҳримҳои Ғарб қарор дошт.

Эрон барои таҷдиди бахши ҳавопаймоии худ ба 400-500 ҳавопаймо ниёз дорад.

XS
SM
MD
LG