Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

27 феврал рӯзи оташбас дар Сурия эълон шуд


Русия ва ИМА нақшаи оташбаси Сурияро эълон карданд, ки бояд нимашабии 27 феврал ба иҷро дарояд.

Дар изҳороти муштараки ду кишвар гуфта шудааст, ки ин оташбас ба гуруҳи "Давлати исломӣ" ва "Ҷабҳаи Нусра", ки бо "Ал-Қоида" робита дорад ва дигар созмонҳое, ки аз сӯи СММ террористӣ шинохта шудаанд, дахл надорад.

То нисфирӯзии 26 феврал бо вақти Димишқ ҷонибҳои даргир бояд эълон кунанд, ки оташбасро қабул доранд ё на.

Дабири кулли СММ Пан Ги Мун аз ин созишнома истиқбол карда, онро "рамзи деринтизори умедворӣ" номидааст. Дабири СММ ҳамчунин аз ҳамаи ҷонибҳои даргири низои Сурия даъват кардааст, ки ба ин оташбас ҳамроҳ шаванд. Владимир Путин, президенти Русия ин созишномаро қадами воқеӣ барои қатъи хунрезӣ дар Сурия номида, гуфтааст, ин созишнома метавонад намунаи ибрати мубориза бо терроризм бошад. Кохи сафед бар ин назар аст, ки амалӣ гардонидани созишнома кори душворе хоҳад буд, аммо ин оташбас имкониятҳоеро фароҳам меорад, ки ИМА аз онҳо истифода хоҳад бурд.

XS
SM
MD
LG