Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Олмон хост, ки Киев ислоҳотро идома диҳад


Франк Волтер-Штайнмайер бо Павло Климкин
Франк Волтер-Штайнмайер бо Павло Климкин

Франк Волтер-Штайнмайер-вазири корҳои хориҷаи Олмон 23 феврал дар Киев гуфт, ки моҷароҳои дохили ҳизбӣ дар эътилофи ҳоким имкон намедиҳад, ки ҳукумат уҳдадориҳои худро тибқи созишномаи Минск барои анҷоми ислоҳот иҷро кунад.

Штайнмайер баъд аз мулоқот бо вазирони корҳои хориҷаи Украинаву Фаронса дар Киев дар конфронси матбуотӣ гуфт, қадамҳои ҷиддӣ барои иҷрои созишномаи Минск бояд бардошта шавад.

Вай афзуд, Русия низ бояд ба иҷрои созишномаи Минск омода бошад. Олмон ва Фаронса ҳимояти худро аз ислоҳоти Украина идома медиҳанд, вале интизоранд, ки Киев низ тавофуқоти як соли пеши Минскро иҷро ва барои барқарории иқтисод талош мекунад.

Штайнмайер гуфт, Сандуқи Байналмиллалии Пул интизори таъмини субот дар Украина аст, то қарзҳои баъдиро дар ихтиёри ин кишвар бигзорад.

XS
SM
MD
LG