Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ду таркиши Ҳумси Сурия 46 нафар кушта шуд


Гурӯҳи назорат бар ҳуқуқи башари Сурия мегӯяд, дар таркиши ду мошини бамгузоришуда дар шаҳри Ҳумси Сурия 46 нафар кушта, даҳҳо нафари дигар ҷароҳат бардоштаанд.

Ин маркази назорат бар ҳуқуқи башар, ки дар Британия ҷой гирифтааст, мегӯяд, аксари кушташудагон аҳолии ғайринизомӣ будаанд.

Телевизиони давлатии Сурия аз қавли Талол Барозӣ-волии Ҳумс гуфт, ки шумораи кушташудагон ба 25 нафар мерасад. Ҳумс шаҳрест, ки нируҳои ҳукумати Сурия тақрибан контрол бар ҳамаи онро дар ихтиёр доранд ва ҳар вақт ин шаҳр ҳадафи бамгузолриҳо қарор мегирад.

Телевизиони давлатии Ал Хабария гуфтааст, ки ин таркишҳо дар минтақаи Ал Ҷазираи Ҳумс рух додааст. Моҳи гузашта низ дар ин минтақа ду таркиш рух дод ва дар онҳо 22 нафар кушта шуданд. Он вақт гурӯҳи тундрави Далати Исломӣ масъулияти ин таркишҳоро бар душ гирифта буд.

XS
SM
MD
LG