Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳукумати Ятсенюк наҷот ёфт


Парлумони Украина натавонист ҳукумати сарвазири ин кишвар Арсений Ятсенюкро ба истеъфо фиристад.

Дирӯз президенти Украина Петр Порошенко аз сарвазир даъват кард, ки ба хотири "барқарории эътимод" ба ҳукумат, истеъфо диҳад.

Президент Петр Порошенко дар паёмаш ба мардум аз сарвазир Арсений Ятсенюк ва додситони кул Виктор Шокин даъват кард, ки "ба хотири барқарории эътимод ба ҳукумат" истеъфо диҳанд. Додситони куллро дар хешутаборбозӣ, пеш набурдани тафтиши ҷиноятҳои фаъолони Майдон, пуштибонӣ аз додситонҳо ва мансабдорони фасодзада айбдор мекунанд. Шокин баъди даъвати президент ба истеъфо рафт, аммо Ятсенюк шоми дирӯз дар парлумон аз фаъолияти яксолаи ҳукумат ҳисобот дод ва ба даъвати президент дар мавриди истеъфояш вокунише накард.

Тибқи назарсанҷиҳои гуруҳи сотсиологии "Рейтинг", 71 дарсади украиниҳо ҷонибдори истеъфои ҳукумати Ятсенюк ҳастанд, танҳо 18 дарсад гуфтаанд, ки ҳукумат боқӣ монад.

Дар поёни баррасии ҳисоботи Ятсенюк 247 вакил фаъолияти Девони вазиронро ғайриқаноатбахш баҳо дода, аммо қатъномаи нобоварӣ ба ҳукумат қабул нашудааст. Зеро барои қабули чунин қатънома раъйи на камтар аз 226 вакил зарурат дорад. Ба ҷанибдорӣ аз қатъномаи нобоварӣ ба ҳукумат ҳамагӣ наздики 200 вакил раъй додааст.

XS
SM
MD
LG