Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Футболбоз дар майдон акси Путинро намоиш дод


Футболбози "Локомотив" бо таҳпӯши акси Путин
Футболбози "Локомотив" бо таҳпӯши акси Путин

Дар поёни бозии дастаҳои "Фенербоғча"-и Туркия ва "Локомотив"-и Маскав дар варзишгоҳи Истамбул Дмитрий Тарасов, ниммуҳофизатчии дастаи "Локомотив" либоси варзишии худро берун карда ва таҳпӯши худро бо акси Владимир Путин ва навиштаҷоти "Хушмуомилатарин президент" намоиш додааст.

Тибқи муқаррароти Анҷумани иттиҳодияҳои футболи Аврупо (УЕФА) барои намоиши шиорҳои сиёсӣ дар бозии футбол мумкин аст ин футболбоз аз ширкат дар 10 бозӣ маҳрум шавад.

Ҳамчунин, дар шаҳри Истамбул пулис се нафарро ба гумони ҳаво додани зарфи шишагӣ ба автобуси дастаи "Локомотив"-и Маскав боздошт кардааст.

Ин ҳодиса замоне рух дод, ки автобуси дастаи "Локомотив" барои зӯрозмоӣ бо дастаи "Фенербоғча"-и Туркия дар чорчӯби мусобиқоти Ҷоми Аврупо ба самти варзишгоҳи "Шюкрю Саранҷолу" ҳаракат мекард.

Ба гуфтаи пулис, бар асари ин ҳамла шишаҳои автобус шикаста, аммо ба футболбозон осебе нарасидааст.

Гуфта мешавад, афроди боздоштшуда ҳаводорони дастаи "Фенербоғча" буда ва дар ҳоласти сархушӣ қарор доштаанд.

Дар ин зӯрозмоӣ дастаи "Фенербоғча" "Локомотив"-ро бо ҳисбои 2:0 мағлуб кард.

XS
SM
MD
LG