Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марзбонон бо қочоқчиён вориди набард шуданд


Марзбонони тоҷик аз кӯшиши убури мусаллаҳонаи қочоқчиёни афғон ба ҳудуди Тоҷикистон ҷилавгирӣ кардаанд.

Бино ба иттилои Муҳаммад Улуғхоҷаев, сухангӯи Сарраёсати неруҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон, ин ҳодиса нимашаби 13 феврал дар посгоҳи марзии Гурӯҳи марзбонони "Ҳамадонӣ" дар марзи Тоҷикистон бо Афғонистон рух додааст.

ба гуфтаи ҷаноби Улуғхоҷаев, миёни гурӯҳи 7 нафарии қочоқбарон ва марзбонон даргирӣ сурат гирифта ва қочоқчиёни афғон ба самти Афғонистон фарор кардаанд.

Дар маҳали ҳодиса 1 килограмм ҳероин, 2 килограмм бангдона ва беш аз 55 килограмм ҳашиш кашф ва мусодира шудааст.

XS
SM
MD
LG