Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷон Керрӣ: Ё иҷрои созишнома ё идомаи таҳримҳо


Ҷон Керрӣ
Ҷон Керрӣ

Ҷон Керрӣ-вазири корҳои хориҷаи Амрико аз Русия барои “таҷовузи такрорӣ” интиқод кард ва гуфт, то замони пурра иҷро шудани созишномаи “Минск 2” роҷеъ ба ҳали муноқишаи шарқи Украина, таҳримҳои зидди Русия боқӣ хоҳанд монд.

Амрико ва кишварҳои Иттиҳодияи Аврупо бар зидди Русия барои он таҳримҳои иқтисодӣ ҷорӣ карданд, ки аз ҷудоихоҳони шарқи Украина ҳимоят мекунад ва ин ҷудоихоҳон бар зидди нируҳои ҳукуматӣ даргириҳоро идома медиҳанд.

Ҷон Керрӣ дар конфронси амниятии Мюнхен гуфт, “Русия дуинтихоб дорад, ё созишномаи Минскро пурра иҷро мекунад ва ё таҳримҳо ҳамин тавр давом меёбад”.

Вазири корҳои хориҷаи Амрико гуфт, ба иҷрои ин созишнома хуруҷи нируҳои Русия ва дар ихтиёри нируҳои Украина гузоштани контроли марзҳои ин кишвар бо Русия дохил мешавад. Бо вуҷуди саркашиҳои Русия кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, ки нируҳои Русия дар шарқи Украина ҳузур доранд.

XS
SM
MD
LG