Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи шарқи Украина дар гуфтугӯи вазирони хориҷа


Дипломатҳои боломақоми Украинаву Русия ва Олмону Фаронса дар Мюнхен вазъ дар шарқи Украина ва иҷрои созишномаи “Минск 2”-ро баррасӣ карданд. Ин созишнома дар бораи роҳҳои қатъи ҷанг дар шарқи Украина дар шаҳри Минск имзо шуда буд.

Ин мулоқот дар ҳошияи конфронси масоили амниятӣ дар шаҳри Мюнхен баргузор шуд. Вазирони корҳои хориҷии Украинаву Олмон ва Русия бо дипломати баландпояи Фаронса дар он ширкат ҷустанд.

Аз моҳи апрели соли 2014 ба ин сӯ дар ҷангҳои шарқи Украина бештар аз 9 000 нафар кушта шудаанд. Баъд аз ҷорӣ шудани оташбас дар моҳи сентябри соли 2015 куштори одамон хеле камтар шуд, вале то ҳол баъзе аз моддаҳои созишномаи оташбас иҷро нашудааст.

Дар ин созишнома гуфта мешавад, ки бояд дар минтақаҳои ҷудоихоҳи Донетск ва Луҳанск тибқи қонунҳои Украина интихобот баргузор гардад, нируҳои хориҷӣ аз ин минтақаҳо хориҷ шаванд ва назорат бар марзҳои миёни Украина ва Русия дар ихтиёри нируҳои ҳукуматии Украина қарор бигирад.

Павло Климкин-вазири корҳои хориҷаи Украина пеш аз мулоқот гуфт, ки Русия уҳдадориҳои худро иҷро накардааст. Вай изҳори умед кард, ки ба масъалаҳои амният, табодули асирон роҳҳои баргузории “интихоботи озоду одилона” бештар таваҷҷуҳ зоҳир шавад.

Русия рад мекунад, ки ба шарқи Украина ниру ва силоҳ нафиристодааст. Вале Киев ва НАТО ба қавле мегӯянд, “он чӣ аён аст, ҳоҷат ба баён нест”.

XS
SM
MD
LG