Дар Қазоқистон аз афзоиши шумори гирифторони саратон нигарон ҳастанд.
Ба иттилои институти онкологӣ ва радиологии он кишвар, феълан дар Қазоқистон дар вуҷуди бештар аз 150 ҳазор шаҳрванд саратон ташхис шудааст.
Ҳамарӯза наздики 100 ҳолати нави гирифторӣ ба саратон ба қайд гирифта мешавад. Дар соли 2015 дар маҷмуъ 36 438 ҳолатҳои нави гирифторӣ ба саратон ташхис шудааст. Ҳамасола дар он кишвар то 16 ҳазор мубталои саратон мефавтад. Саратон бештар дар вилоятҳои Қазоқистони Шимолӣ, Қазоқистони Шарқӣ ва Павлодар паҳн шудааст.
Бино бар иттилои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ҳамасола дар саросари ҷаҳон то 14 миллион мубталои саратон ба қайд гирифта мешавад ва ҳамасола то 8 миллион гирифтори ин беморӣ мефавтад. Сабабҳои асосии гирифторӣ ба саратонро Созмони ҷаҳонии тандурустӣ вазни барзиёд, ғизои носолим, заҳрҳои кимиёӣ, суистифода аз сигор ва алкоҳол меномад.