Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадшоҳ аз асорати қоҷоқбарони афғон раҳо шуд


Кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар ҷараёни як амалиёти вижа Аҳмадшоҳ Шеров, сокини деҳаи Ёли ноҳияи Шӯроободро аз асорати гурӯҳи қочоқчиёни афғон таҳти роҳбарии Назрихудо валади Паҳлавондарё озод намудаанд. Аҳмадшоҳ Шеровро ҳамсинфонаш ба ивази маводи мухаддир дар назди қочоқбарони афғон ба гарав гузошта будаанд.

Дафтари матбуоти Кумитаи давлатии амнияти миллӣ рӯзи 4 феврал хабар дод, ки як талабаи мактаби миёнаи рақами 11 деҳаи Ёли ноҳияи Шӯрообод ва донишҷӯи Литсейи ба номи Маҳмудови ҳамин ноҳияро боздошт карданд, ки дар ивази қочоқи маводи мухаддир ҳамдеҳаи худ Аҳмадшоҳ Шерови 18-соларо ба гуруҳи қочоқбарони афғон ба гарав додаанд. Онҳо дар ивази ҳамдеҳаи худ аз қочоқбарони афғон се халта маводи мухаддир бо 55 бастаи ҳашишро гирифта, қасд доштаанд, ба пойтахт интиқол диҳанд.

Дар ҷараёни амалиёти Кумитаи амнияти миллӣ Алишери Абдуҳафиз, хонандаи мактаби рақами 11-и деҳаи Ёл ва Раҳималии Шариф, донишҷӯи соли якуми Литсейи касбии хизмат ва туризми ба номи Маҳмудови ноҳияи Шӯрообод ҳамчун гумонбар боздошт шудаанд.

Кумитаи амнияти миллӣ нисбат ба Раҳималии Шариф, Аҳмадшоҳ Шеров ва шаҳрванди Афғонистон Назрихудо валади Паҳлавондарё ба иттиҳоми қочоқи маводи мухаддир ва убури ғайриқонунии марз парвандаи ҷиноӣ боз кардаааст.

XS
SM
MD
LG