Вазорати умури хориҷаи Русия иттиҳоми Лондон дар бораи ба густариши низоъ дар Сурия мусоидат кардани аъмоли Маскав дар ин кишвари арабиро рад кард. Сухангӯи вазорат Мария Захарова рӯзи 2 феврал изҳороти ахири вазири умури хориҷии Бритониё Филип Ҳаммондро “пахши хатарноки иттилои бардурӯғ” номид.
Филип Ҳаммонд дар сӯҳбат бо хабаргузории Reuters гуфт, ки ҳадаф аз зарбаҳои ҳавопаймоҳои Русия - пуштибонӣ аз ҳукумати Башор Асад аст ва ин, дар навбати худ, боиси қавитар шудани мавқеи гурӯҳи “Давлати исломӣ” ва ҳамзамон боиси афзоиши мавҷи фирориён аз манотиқи ҷангзада мешавад.
Ба гуфтаи вазири умури хориҷии Бритониё, камтар аз 30 дар сади зарбаҳои ҳавопаймоҳои Русия ба мавқеъҳои гурӯҳи “Давлати исломӣ” зада мешаванд, Маскав бештар гурӯҳҳои мӯътадили мухолифи ҳукумати Димишқро ҳадаф қарор медиҳад.
Филип Ҳаммонд мутмаин аст, ки ин гуна мавзеъгирии Маскав талошҳои ҷомеъаи байнулмилалӣ барои хатми низоъ дар Сурияро ноком месозад.
Маскав расман эълом дошт, ки ҳавопаймоҳояш мавқеъҳои террористонро дар Сурия бомборон мекунанд. Аммо созмонҳои башарӣ мегӯянд, ки бар асари амалиёти ҳавоии Русия шумораи зиёди сокинони осоиштаи Сурия ҳам кушта шудаанд.