Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Давраи омӯзишии сафорати Амрико дар Душанбе


Дар шаҳри Душанбе бо кӯмаки молии сафорати Амрико дар Душанбе роҷеъ ба роҳҳои мубориза бо ифротгароии хушунатомез давраи омӯзишӣ баргузор шуд. Дар он 22 нафар кормандони вазоратҳои дифоъ, корҳои дохила, Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Тоҷикистон ширкат карданд.

Дар ин бора сафорати Амрико дар Тоҷикистон ба матбуот хабар додааст. Бино ба ин хабар, давраи омӯзишӣ дар доираи нақшаи солонаи чорабиниҳои Фармондеҳии марказии Амрико оид ба ҳамкории дуҷонибаи ҳарбӣ бо Тоҷикистон баргузор шудааст.

Давраи омӯзиширо гурӯҳи Маркази муносибатҳои ҳарбӣ-шаҳрвандии Мактаби олии нируҳои дарёии Амрикодоир намудаанд.

Ҳадаф аз чунин вохуриҳо баланд бардоштани сатҳи тавоноии Ҳукумати Тоҷикистон барои коҳиш додани хатари ифротгароии хушунатомез ва беҳтар намудани ҳамкориҳои дуҷониба мебошад.

XS
SM
MD
LG