Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

23 сол ҳабси намояндаи бонки Алимардон дар Муъминобод


Исҳоқ Шарифов, раиси намояндагии “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Муъминобод ба ҷурми исрофкорӣ, қаллобӣ ва баромадан аз ваколатҳои мансабӣ ба 23 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар ин бора Хайриддин Ҷаъфарзода - сардори раёсати корҳои дохилии Муъминобод рӯзи 1 феврал ба Озодӣ хабар дод.

Ӯ гуфт, аммо таҳқиқи чанд парвандаи дигар, ки бар асоси он Исҳоқ Шарифов барои “аз беэҳтиётӣ несту нобуд кардан ва вайрон кардани молу мулки давлатӣ” муттаҳам мешавад, ҳанӯз идома дорад. “Дар сурати таъйиди ин иттиҳомот ба болои ҳабси ӯ изофа хоҳад шуд,” – гуфт Ҷаъфарзода.

Дар ҳамин ҳол, бино ба иттилои дарёфтӣ раҳбари намояндагии “Агроинвестбонк” дар ноҳияи Фархор низ ба иттиҳоми азхудкунии 1.5 сомонб боздошт шуда ва парвандааш барои баррасӣ ба додгоҳ ирсол гардидааст.

Ҳукумати Тоҷикистон дар охирҳои соли гузашта ба хотири аз вартаи мушкилоти молӣ наҷот додани “Агроинвестбонк”, ки раҳбариашро муовини собиқи сарвазир Муродалӣ Алимардон бар ӯҳда дорад, як барномаи вижа тасвиб кард. Дар ин барнома аз ҷумла Додситонии кулл, Оҷонсии зидди коррупсия, Палатаи ҳисоб ва дигар ниҳоди масъули давлатӣ муваззаф шудаанд, то барои баргардондани қарзҳои "Агроинвестбонк" аз ширкатҳову корхонаҳо ва афроди алоҳида кумак кунанд.

XS
SM
MD
LG