Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мухолифини Димишқ ба Женева омаданд


Ҳайати иборат аз гурӯҳҳои асосии мухолифи ҳукумати Сурия ё Кумитаи олии музокирот ба хотири ширкат дар гуфтушуниди таҳти сарпарастии СММ вориди Женева шуд.

Қарор аст, ки ҳайат рӯзи якшанбе, 31 январ бо фиристодаи вижаи СММ дар умури Сурия Стаффан де Мистура мулоқот кунад. Аз ин пеш намояндаи ҳайати Кумитаи олии музокирот Салим ал-Муслат изҳор намуд, ки онҳо барои муваффақ шудани гуфтушунид талош хоҳанд кард.

Мухолифин барои ширкат дар музокироти Женева оид ба хатми низоъ дар Сурия фақат рӯзи ҷумъа, 29 январ розӣ шуданд ва аммо шарт гузоштанд, ки фақат бо дипломатҳои СММ гуфтугӯ хоҳанд кард ва бо намояндагони ҳукумати Башор Асад ягон хел тамос нахоҳанд дошт. Ба гуфтаи намояндагони Кумитаи олии музокирот онҳо фақат дар ҳоле ба гуфтушунид бо Димишқ ҳамроҳ мешаванд, ки ҳукумати Сурия қатъномаи Шӯрои амнияти Созмони милалро иҷро кунад ва аз муҳосираи шаҳрҳо даст бардошта интиқоли кӯмаки башарӣ ба мардуми ин шаҳрҳоро таъмин намояд.

Бар асари ҷанги шаҳрвандӣ дар Сурия, ки панҷ сол боз идома дорад, беш аз 250 ҳазор нафар ба ҳалокат расида, беш аз 10 миллион нафар манзилҳои худро тарк намуданд ва дар кишварҳои гуногуни олам панаҳ бурданд.

XS
SM
MD
LG