Бар асари ғарқ шудани киштӣ дар соҳилҳои Туркия дасти кам 33 муҳоҷире, ки талоши рафтан ба Юнонро доштанд, ба ҳалокат расиданд. Мақомоти Туркия рӯзи 30 январ хабар доданд, ки 75 нафар наҷот ёфтанд, вале наҷотбахшон мегӯянд, шояд дар киштӣ афроди дигар ҳам монда бошанд. Ба иттилои Созмониҷаҳонии муҳоҷират фақат моҳи январ 250 муҳоҷир дар талоши расидан ба соҳилҳои Аврупо ҷон бохтанд. Соли 2015 шумораи умумии қурбониён 805 нафар буд, гуфтаанд масълини ин созмон.
Дар ҳамин ҳол, Туркия барои афзоиши ҳаҷми кӯмаки молиявӣ аз сӯи Иттиҳодияи Аврупо ба хотири ҳалли мушкилоти марбут ба бӯҳрони муҳоҷират пойфишорӣ дорад. Нашрияи олмонии Die Welt рӯзи 30 январ, бо такя ба як мансабдори воломақоми Иттиҳодияи Аврупо навишт, ки Анкара хостори дарёфти панҷ миллиард евро шудааст, дар ҳоле, ки қаблан Брюссел барои ироаи 3 миллиард евро ба Туркия ба ивази ҷилавгирӣ аз вуруди муҳоҷирон ба Аврупо Ғарбӣ изҳори омодагӣ карда буд.
Ба иттилои Идораи умури паноҳандагони СММ, аз 1 то 28 январи соли равон 54 ҳазор фирориён тавассути Туркия вориди Юнон шудаанд.