Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кохи Сафед: 22 номаи Клинтон "махфӣ" буд


Ҳукумати Амрико иқрор кард, ки дасти кам 22 номаи электронии аз сервери шахсӣ фиристодаи Ҳилларӣ Клинтон, собиқ вазири умури хориҷии кишвар, иттилои “комилан махфӣ” доштанд. Як намояндаи вазорати умури хориҷии ИМА рӯзи 30 январ гуфт, 22 санади иборат аз 37 саҳифа “он қадар ҳассосанд”, ки нашри онҳо ҳатто дар шакли таҳрирхӯрда имкон надорад. 18 номаи дигар гуфтугӯи хусусии хонум Клинтон бо раисиҷумҳур Барак Обама ҳам нашр нахоҳанд шуд, ҳарчанд дар онҳо ягон иттилои сиррӣ мавҷуд нест, афзуд намояндаи вазорат.

Моҷарои истифодаи сервери шахсӣ барои интиқоли номаҳои расмӣ тавассути сервери шахсии Ҳилларӣ Клинтон тамоми давраи талошҳои ӯ барои дарёфти номзадии Ҳизби демократ дар интихоботи президентии ИМА идома дорад. Иттилои ахир ҳамагӣ як рӯз пеш аз мулоқоти хело муҳими номзадҳо дар аёлати Айова нашр шуд.

Ситоди интихоботии Клинтон бо такя ба кормандони хадамоти кашф мегӯяд, ҳама номаҳои электроние, ки аз компютерии хонагии ӯ ирсол шудаанд, бехавфанд. Аммо раиси Кумитаи миллии Ҳизби ҷумҳурихоҳон Рейнс Прибус изҳор намуд, ки аз сӯи хонум Клинтон истифода шудани сервери хусусӣ амнияти миллӣ ва кӯшишҳои дипломатиро зери хатар гузоштааст.

Ҳилларӣ Клинтон аз довталабонии асосии курсии раисиҷумҳури ИМА аз ҳизби демократ дар интихоботи президентии моҳи ноябри соли равон маҳсуб мешавад.

XS
SM
MD
LG