Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагии Порис ба эътирофи истиқлоли Фаластин


Фаронса, дар сурати комёб нашудани талошҳояш барои азсаргирии музокироти сулҳ миёни Исроилу Фаластин, барои эътирофи истиқлоли давлати Фаластин омода аст. Изҳороти вазири умури хориҷии Фаронса Лоран Фабиус дар ин бора рӯзи 29 январ нашр шуд. Ӯ эълом дошт, ки Порис мехоҳад конфаронси байнулмилалӣ оид ба ҳалли мушкил миёни Исроилу Фаластинро ташкил кунад. Қарор аст, ки нишаст баҳори соли равон бо ширкати ҳайатҳои Исроилу Фаластин ва ҳамчунин ИМА, Иттиҳодияи Аврупо ва кишварҳои арабӣ баргузор шавад.

Намояндаи доимии Идораи худгардони Фаластин дар СММ Риёз Мансур аз тасмими Фаронса истиқлоб кард.

Мақомоти Исроил ба ин тасмим вокуниши сард карданд. Як дипломати исроилӣ бидуни ифшои номаш гуфт, изҳороти Фаронса маънои пуштибонии Порис аз Фаластинро дорад, ки дастовардҳои дуҷониба дар музокиротро ҳамеша рад мекунад.

XS
SM
MD
LG