Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парвандаи 358 нафар барои ивази асъор


Ҳабибулло Воҳидов
Ҳабибулло Воҳидов

Додситонии вилояти Суғд барои харидуфурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ алайҳи 358 сокини ин минтақа парванда боз кардааст. Ҳабибулло Воҳидов, додситони Суғд, 28 январ дар нишасти хабарӣ дар Хуҷанд гуфт, алайҳи 73 нафари ин афрод парвандаи ҷиноӣ боз шуда, алайҳи 252 тани дигар парвандаи маъмурӣ ифтитоҳ шудааст.

Ӯ афзуд, ин афрод бе иҷозаи расмӣ асъори хориҷиро иваз карда ва “қурби асъорро низ бо хости худ муайян менамуданд.”

Додситони Суғд гуфт, барои назорати бозори асъор як гурӯҳи корӣ таъсис шудааст. Ба қавли Ҳабибулло Воҳидов, ба ин гурӯҳ асосан намояндагони ҳамаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ шомил буда, ҳадафи аслияш "ҷилавгирӣ аз харидуфурӯши ғайриқонунии асъори хориҷӣ будааст."

XS
SM
MD
LG