Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ҷавобгарӣ"-и раисон ба ришвахории зердастон


Бинои парлумон
Бинои парлумон

Парлумони Тоҷикистон рӯзи 27 январ бо ислоҳи шаш қонун масъулияти раҳбарони кумитаи андоз, оҷонсии зиддифасод, амнияти миллӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мориф ва омодагии варзиширо дар сурати ба ришвахорӣ даст задани зердастонашон бештар кард.

Рустами Шоҳмурод, вазири адлияи Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии ин ислоҳот дар иҷлосияи Маҷлиси Намояндагон гуфт, “тибқи ин меъёр мақомот вазифадоранд, хавфҳои эҳтимолие, ки ба содиршавии коррупсия дар ин ниҳодҳо мусоидат мекунад, муайян намуда, барои барҳамдиҳии онҳо чораандешӣ кунанд. Дар марҳилиаи аввал содиршавии кирдорҳои коррупсиониро пешгирӣ намоянд.”

Ба қавли вазири адлия, истифодаи босамари ин меъёр ба камшавии фасоду ришва дар кишвар мусоидат хоҳад кард.

XS
SM
MD
LG