Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лавров: Русия вазъро дар Сурия тағйир дод


Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия мегӯяд, Маскав ба Ғарб иҷоза намедиҳад, ки Русияро барои сиёсати хориҷии мустақилаш муҷозот кунад.

Дар нишасти хабарии солонааш дар Маскав рӯзи 26 январ ӯ изҳор намуд, ки то ҳол талошҳое барои дарёфти манфиати якҷониба ва ҳатто муҷозоти мо барои сиёсати мустақилонаи хориҷиямон сурат мегиранд. Мо барои ҳамкории созанда бо Аврупо ва Иёлоти Муттаҳида омодаем, аммо ба шарте, ки ин ҳамкорӣ комилан дар пояи манфиатҳои дуҷониба ва бидуни дахолат ба умури ҳамдигар бошад, афзуд Сергей Лавров.

Раҳбари идораи сиёсати берунаи Русия ҳамчунин гуфт, ки сипари зиддимушакии Амрико дар Аврупо ва густариши НАТО сӯи марзҳои Русия вазъро ноором мекунад.

Лавров таъкид намуд, ки амалиёти низомии Русия дар Сурия вазъро дар он кишвар куллан тағйир дод. Ин амалиёт, ки гуфта мешавад зери ниқоби мубориза бо гурӯҳи “Давлати исломӣ” ба хотири пуштибонӣ аз режими Башор Асад роҳандозӣ шудааст, аз моҳи сентбяри соли гузашта идома дорад. Владимир Путин, раисиҷумҳури Русия, рӯзи 25 январ изҳор намуд, зарбаҳои ҳавопаймоҳои русӣ дар Сурия то замоне идома хоҳанд кард, ки ба онҳо зарурат аст.

XS
SM
MD
LG