Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Машқҳои амниятӣ дар сафорати Амрико


Сафорати Амрико дар Душанбе
Сафорати Амрико дар Душанбе

Сафорати Амрико дар Душанбе тасдиқ кард, ки рӯзи 23 январ ин сафорат ҳамроҳ бо вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон машқҳои муштарак барпо кардааст. Дар иттилоияи расмии сафорати Амрико, ки рӯзи 25 январ нашр шуд, “таъмини тадбирҳои амниятӣ дар сафорат” ҳадафи аслии ин машқҳо ном бурда мешавад. Сафорати Амрико ин машқҳоро нуқтаи аавҷи давраи омӯизие номид, ки “аз ҷониби Идораи амнияти минтақавии Сафорати ИМА барои баланд бардоштани иқтидору омодагии қувваҳои таъиноти махсуси Вазорат ба ҳолатҳои фавқулода маблағгузорӣ шуд.” Сафорат мегӯяд, ки дар соли 2017 бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон ҷиҳати барпо кардани чанд давраи омӯзӣ ҳамкорӣ хоҳад кард. Машқҳо дар сафорати Амрико дар ҳоле доир шуданд, ки аз рӯзи шанбе ба ин тараф тадбирҳои амниятӣ дар шаҳрҳои Тоҷикистон тақвият дода шудааст.

XS
SM
MD
LG