Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазъи фавқулодда дар 11 аёлати Амрико


Вашингтон
Вашингтон

Дар соҳилҳои шарқии Амрико на камтар аз 18 нафар қурбони бориши барфи зиёд шудаанд. Аксари онҳо дар ҳодисаҳои зиёди нақлиётӣ ҷон додаанд. Лағжиши мошинҳо ва камтар будани масофаи диди ронандагон сабаби ин ҳодисаҳои нақлиётӣ шудааст. Телевизиони CNN шумораи кушташудагонро 14 нафар эълон кард.

Дар 11 аёлат вазъи фавқулодда эълон шудааст. Ҳаракати мошинҳо дар шаҳрҳои Нию Йорк,Вашингтон ва Филаделфия халалдор гардидааст. Даҳҳо ҳазор хона аз нируи барқ маҳрум мондаанд.

Интизор меравад, ки 24 январ шароити боду ҳаво каме беҳтар шавад. Хадамоти коммуналӣ барои обшавии зуди барфи зиёд омодагӣ мегиранд.

XS
SM
MD
LG