Хадамоти приставҳои кишвари Красноярск мегӯянд, дар тӯли соли 2015 аз ин минтақаи Русия 722 муҳоҷири хориҷиро ихроҷ кардаанд. Дар байни онҳое, ки бо ҳукми додгоҳ аз Красноярск ихроҷ шудаанд, 225 муҳоҷир аз Қирғизистон, 183 нафар аз Узбакистон ва 178 тани дигар аз Тоҷикистон будаанд.
Муҳоҷирон аз ин кишвар дар байни ихроҷшудаҳо аз вилояти Тулаи Русия низ аз ҳама бештар будаанд. Дар тӯли соли 2015 аз вилояти Тула бо ҳукми додгоҳҳояш 508 муҳоҷирро берун кардаанд.
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, то 1 январи соли 2016 шумори он шаҳрвандони тоҷике, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ба 333 391 нафар расидааст. Ин тақрибан сеяки 1 миллион муҳоҷирони кории тоҷик дар Русияро ташкил медиҳад.