Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар ҳамла ба кормандони "Тулуъ" 7 нафар кушта шуд


Кормандони пулис дар маҳали ҳодиса
Кормандони пулис дар маҳали ҳодиса

Дар натиҷаи ҳамлаи як мошини пур аз маводи мунфаҷира ба минибусе, ки дар Кобул кормандони шабакаи телевизионии Тулуъро интиқол медод, дастикам 7 нафар кушта шудаанд.

Бино ба гузоришҳо, чанд нафари дигар дар ин инфиҷор, ки дар назди сафоратхонаи Русия дар Кобул 20 январ рух дод, ҷароҳат бардоштаанд. Телевизиони Тулуъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар миёни кушташудагон баъзе кормандони онҳо ҳастанд.

Сафорати Русия дар Кобул мегӯяд, ки ҳеҷ як аз кормандони сафорат ё дипломатҳо аз ин таркиш осеб надидаанд. Наҷиб Дониш-сухангӯи вазорати корҳои дохилаи Афғонистон таъйид кард, ки ин таркиш ҳамлаи маргталабона будааст.

Як бино дар рӯ ба рӯи сафоратхонаи Русия дар натиҷаи таркиш оташ гирифтааст. Масъулияти ин ҳамларо касе ё гурӯҳе бар душ нагирифтааст, вале Толибон вақтҳои охир чунин ҳамлаҳоро дар Кобул ва шаҳрҳои дигари муҳим афзоиш додаанд.

Соли гузашта Толибон эълон карда буданд, ки телевизиони Тулуъро ҳадафи ҳамла қарор медиҳанд.

XS
SM
MD
LG