Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сара Палин ба маъракаи Доналд Трамп ҳамроҳ шуд


Сара Палин ва Доналд Трамп
Сара Палин ва Доналд Трамп

Доналд Трамп-номзади пешасафи Ҳизби Ҷумҳурихоҳ барои мақоми раёсати ҷумҳурии Амрико аз ҳимояти Сара Палин-волии пешини аёлати Аляска бархурдор шуд. Палин соли 2008 барои мақоми муовини раиси ҷумҳур аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ номзад шуда буд.

19 январ хонум Палин дар изҳороте гуфт, “ман хушҳолам, ки Доналд Трампро чун номзад қабул мекунам”.

Дар поёни рӯз Палин ба маъракаи интихоботии Трамп дар маркази Айова ҳамроҳ шуд ва гуфт, Трамп омода аст, ба нируҳои Амрико иҷоза диҳад, то тундравҳои гурӯҳи Давлати Исломиро нобуд кунанд. Трамп гуфт, ки аз ҳимояти хонум Палин хушҳол аст.

Сара Палин ва Ҷон Мак Кейнро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии соли 2008 Барак Обама шикаст дода буд.

XS
SM
MD
LG