Ширкати Хуаксин Ғаюр Семент рӯзи 19 январ Бунёди хайриявии “Ман Тоҷикистонро дӯст медорам”-ро созмон дод. Масъулони ширкат гуфтанд, ки ҳар сол ба ин бунёд ҷамъияти муҳоҷирони Чин дар Тоҷикистон ва Хуаксин Ғаюр Семент як миллион сомонӣ маблағ ворид мекунанд. Ин маблағ барои дастгирии хонаводаҳои ниёзманд ва бахши маорифу тандурустӣ сарф хоҳад шуд. Ба ҷуз ин, ширкат барои сохтмони мактабҳо ба Вазорати маориф ва илм низ се миллион сомонӣ ҷудо кард. Соли гузашта ин ширкат барои дастгирии лоиҳаҳои иҷтимоӣ дар кишвар 20 миллион доллар харҷ кардааст.