Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зимистони имсола гармтар меояд


Ҷамила Байдуллоева, раҳбари Маркази обу ҳавошиносии Тоҷикистон мегӯяд, ки зимистони имсола гармтар хоҳад омад. Ӯ 19 январ гуфт, “аз ҷумла, дар моҳи январ аз меъёри муқаррарӣ ҳаво ду дараҷа гармтар хоҳад шуд. Дар минтқаҳои баландкӯҳ низ.” Ба қавли ӯ дар моҳи март низ ҳаво аз меъёри муқаррарӣ як дараҷа гармтар меояд. Соли гузашта низ зимистон нисбат ба солҳои пеш гармтар омада, аммо дар фасли баҳор барфу борони зиёд борид ва бахусус дар шимоли кишвар тамоми гули дарахтонро сармо зад.

XS
SM
MD
LG