Ҳукумати Узбакистон талош дорад, бештар аз 1 миллиард доллари Гулнора Каримова - духтари бузурги раиси ҷумҳури он кишварро, ки дар бонкҳои Аврупо ҳабс шудааст, баргардонад.
Нашрияи швейтсарии L'Hebdo дар матлабе зери унвони “Падар Каримов мехоҳад, пулҳои шоҳдухтарҳояшро баргардонад” навиштааст, ҷониби Узбакистон ба Вазорати адлияи Амрико муроҷиат карда ва гуфтааст, афроде, ки дар ҷиноятҳои молӣ даст доштанд, кайҳо ба маҳкама кашида шуданд ва кишвар қурбони фасодкории онҳо шудааст.
Муаллифи ин матлаб Франсуа Пиле менависад, барои баргардондани пулҳо аз Аврупо ҳукумати Узбакистон вакилони ширкати Holwell Shuster&Goldberg-ро киро карда, 4 январи имсол ба додраси додгоҳи Ню-Йорк Эндрю Картер мактуб фиристодааст. Дар мактуб омадааст,“пулҳои ҳабсшуда дар бонкҳо, ки аз 500 миллион доллар бештар аст, ба Узбакистон тааллуқ дорад. Ин кишвар бевосита қурбони амалҳои бархе аз соҳибкорон шудааст.”
“Аммо дар ин мактуб номи Гулнора Каримова зикр нагардидааст. Дар мактуб номи ёвари Гулнора – Гаяне Авакян ва Рустам Мадумаров, Баҳодур Эргашев ва дигарон оварда шудааст,” -- менависад муаллиф.
Акнун мақомоти Узбакистон мегӯянд, ин афрод, ки ба фасодкорӣ даст доштанду пулҳои зиёдро бо роҳҳои ғайриқонунӣ аз худ карданд, маҳкум шудаанд. Аз ин рӯ, пулҳо бояд ба Узбакистон баргардонда шавад, менависад рӯзноманигор Франсуа Пиле.