Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Манъи ҳақорат дар боздоштгоҳҳои Русия


Маҳбусони боздоштгоҳҳои Русия аз ин баъд ҳаққи истифодаи дашном ва жаргон ё калимаҳои хоси маҳбасиро надоранд. Ба иттилои Интерфакс, ин тағйирот рӯзи 14 январ бар пояи амри вазири адлияи “Дар бораи тартиботи дохили боздоштгоҳҳо” ҷорӣ шуд.

Бар пояи ин амр, ба маҳбусон ҳангоми муошират истифодаи ҳақорату тӯҳмат ва ибораҳои таҳдидомезу таҳқиркунанда, ҳамчунин жаргон манъ аст. Ҳамчунин ба онҳо пӯшонидани рӯи дурбинҳои назоратӣ, ба ҳамдигар додани чизу чораи шахсӣ ва истифодаи дорувор бидуни иҷозаи табиби боздоштгоҳ иҷоза дода намешавад.

Ду сол пеш муовини аввали раиси Хадамоти иҷрои ҷазо Анатолий Рудий изҳор карда буд, ки мехоҳанд истифодаи жаргони маҳбасӣ аз сӯи нозирону кормандони зиндонҳоро комилан аз байн бубаранд. Ба назар мерасад, ки акнун мақомот барои поксозии алфози маҳбусон иқдом кардаанд.

XS
SM
MD
LG