Дар чанд ҷумла
Сариев: Мактабҳо бояд бо компютер таъмин шаванд
Темир Сариев, сарвазири Қирғизистон дастур додааст, ки ҳамаи мактабҳои таҳсилоти миёнаи ин кишвар бо интернет таъмин шавад.
Ин дастурро вай ба мудири Агентии давлатии алоқаи Қирғизистон Чингиз Бектошев додааст.
“Шумо вазифадор мешавед, ки сартосари кишварро бо алоқаи мобилӣ ва интернет таъмин намоед. Тибқи талаботи муосир, ҳамаи мактабҳои миёнаро низ бо интернет таъмин созед”, - гуфтааст Сариев.
Дар гузориши “Баҳои муҳити интернетии Қирғизистон”, ки созмони байналхалқии Internet Society (ISOC) таҳия кард, омадааст, танҳо 25% аҳолии ин кишвар ба интернет дастрасӣ доранд, вале танҳои 20% аҳолӣ корбари интернет ҳастанд. 75% боқимонда ба интернет дастрасӣ надоранд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Кая Каллас: “Поёни диктатурии Асад рӯйдоди мусбат аст”
Кая Каллас, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, дар вокуниш ба таҳаввулоти Сурия гуфт, “поёни диктатурии Асад як рӯйдоди мусбат ва деринтизор аст.”
Ӯ ҳамчунин таҳаввулоти Сурияро баёнгари суст шудани пуштибонҳои Асад – Русия ва Эрон – донист.
Кая Каллас рӯзи 8-уми декабр дар шабакаи “Х” навишт, авлавияти онҳо таъмини амниятдар минтақа аст ва ӯ бо ҳама шарикони созанда дар Сурия ва минтақа кор хоҳад кард.
Ситоиши нерӯҳои "Сурияи демократӣ" аз суқути "таърихӣ"-и Башор Асад
Фармондеҳи нерӯҳои “Сурияи демократӣ” рӯзи якшанбе аз он чи “суқути таърихӣ”-и режими Башор Асад номид, ситоиш кардааст.
Ин нерӯҳо таҳти ҳимояти Амрико ва зери раҳбарии курдҳо буда, бахшҳои зиёдеро дар шимолу шарқи Сурия назорат мекунанд.
Фармондеҳи нерӯҳои “Сурияи демократӣ дар баёнияе дар Телеграм эълом кард, ки дар ҳоли таҷрибаи лаҳзаҳои таърихӣ ҳастанд. Чун, ба гуфтаи ӯ, суқути “режими истибдодӣ”-ро дар Димишқ диданд.
Вай афзудааст, ин тағйир фурсатеро барои сохтани Сурияи нав, демократӣ ва одил фароҳам мекунад, то ҳуқуқи ҳама суриягиҳо кафолат дода шавад.
Шӯришиён ба раҳбарии гурӯҳи "Таҳрир аш-Шом", ки Амрико ва кишварҳои дигар созмони террористӣ медонанд, рӯзи ҳаштуми декабр аз суқути давлати Башор Асад хабар доданд. Башор Асад соли 2000 ба қудрат расида буд. Пеш аз падараш, Ҳофиз Асад, 29 сол бар ин кишвар раҳбарӣ мекард.
Муҳаммад Ҷалолӣ, сарвазири Сурия, гуфтааст, бояд интихоботи озод баргузор шавад, то мардуми ин кишвар битавонанд раҳбари худро интихоб кунанд.
Бино ба наворҳои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ, шӯришиён дар дохили кохи раёсати ҷумҳурӣ ва назди дарвозаҳои он дида шудаанд. Манобеъ мегӯянд, Башор Асад, раисҷумҳури Сурия аз Димишқ фирор кардааст.
"Ду маъмури амниятӣ шиноснома ва 40 000 сомониямро бурданд." Шикояти як сокини Ҳисор
Бадриддин Сафаралиев, сокини шаҳри Ҳисор, иддао дорад, ки ду маъмури, ба гуфтааш, амниятӣ "бо зӯр" аз хонаи ӯ "шиноснома ва 40 ҳазор сомониро бурданд".
Ҳодиса рӯзи 3-юми декабр рӯй додааст.
Мавқеи маъмурони амниятӣ дастрас нест.
Дар Идораи милиса дар ҷамоати Қалъаи Ҳисор рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки қазия дар ҳоли баррасист.
"Бадриддин Сафаралиев ва маъмурони амниятӣ ба пурсиш даъват ва рӯ ба рӯ карда шуданд. Ҳуҷҷатҳоро барои баррасӣ ба Додситонии шаҳри Ҳисор фиристодем. Мунтазири хулоса ҳастем," – гуфт Илҳом Назруллоев, сардори Идораи умури дохилии ҷамоати Қалъаи Ҳисор.
Бадриддин Сафаралиев мегӯяд, ҳама чиз ба таври ногаҳонӣ рух дод: "Ду кас мошини маро дар роҳ дошта, бе муаррифӣ гуфтанд, ки бояд ҳамроҳашон равам. Гуё ба онҳо дар бораи ман ариза расидааст, ки дар гузашта узви ҲНИТ будаам. Шиноснома пурсиданд. Гуфтам, дар хона аст. Ягон ҳуҷҷат нишон надоданд, ки корманди мақомот ҳастанд. Вақте ба манзил расидем, аз болои девор парида рафтам."
Ба нақли Сафаралиев, сипас маъмурони амниятӣ ба ҳамсару писаронаш фишор оварда, "аз даруни ҷевон шиноснома ва 40 ҳазор сомониро гирифтаанд. Ба ҳамсарам гуфтаанд, ки биёяд, пулу паспортро медиҳем. Пулро барои тӯйи духтарам ҷамъ оварда будам."
Радиои Озодӣ барои суҳбат бо маъмурони амниятӣ талош кард, вале то ин дам натиҷа надод. Ҷузъиёти аризае, ки дар бораи Бадриддин Сафаралиев ба мақомот расидааст, барои мо рӯшан нест.
Илҳом Назруллоев, сардори Идораи умури дохилии ҷамоати Қалъаи Ҳисор, дар суҳбати телефонӣ гуфт, "гуё касе аз наздикони хонаводаи Сафаралиевҳо ба Идораи амният ариза навиштааст ва онҳо барои санҷидан ба манзилашон рафтаанд." Ӯ ҳам муҳтавои шикоятро нагуфт.
Бадриддин Сафаралиев рӯзи 4-уми декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳеч вақт узви ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ набуд. Баръакс, ба гуфтааш, аз соли 2018 шомили Ҳизби коммунист аст.
Вай нусхаи шаҳодатномаи ҳизбиашро ба Кумитаи давлатии амнияти миллӣ фиристода, ҳамзамон дар бораи рафтори маъмурони амниятӣ ба Дастгоҳи иҷроияи президент ва Додситонии кул нома навиштааст.
Номи Бадриддин Сафаралиев ва баъзе аз пайвандони дигараш дар гузашта борҳо расонаӣ шудааст. Аз ҷумла, дар пайванд ба марги падари ин хонадон, Абдураҳмон Сафаралиев. Панҷ сол пеш Додгоҳи олии Тоҷикистон бародари ӯ, Бурҳониддин Сафарилиевро бо гуноҳи "барангехтани кинаву адовати миллӣ" маҳкум кард. Худаш нодуруст дониста буд.
SIPRI: Истеҳсол ва фурӯши аслиҳа дар ҷаҳон афзудааст
Пажӯҳишгоҳи байнулмилалии таҳқиқотии сулҳи Стокҳолм (SIPRI) маълум кардааст, ки мизони фурӯши аслиҳа ва хадамоти низомии 100 ширкати калонтарини ҷаҳон дар соли гузашта (2023) 4,2 дарсад афзоиш ёфт ва дар умум ба 632 миллиард доллар расид. Гузориш рӯзи 2-юми декабр нашр шуд.
Ширкатҳои амрикоӣ дар феҳристи 100 ширкати тавлидкунандаи калони аслиҳаи ҷаҳон ҳастанд ва даромади 41-тои онҳо дар соли гузашта ба таври миёна 2,5 дарсад афзудааст.
Мизони афзоиши даромад ва фурӯши ширкатҳои аврупоӣ, ки 27 маврид аз бузургтарин тавлидкунандагони аслиҳа дар ҷаҳонро ташкил медиҳанд, ба таври миёна фақат 2 дарсад буд. Вале чун ин ширкатҳо ҳанӯз машғули тавлиди супоришҳои қаблӣ ҳастанд, рушди андаки даромадашон инъикосунандаи афзоиши қарордодҳо ва супоришҳо дар соли гузашта нест.
Гузориши SIPRI меафзояд, ки даромади шуморе аз ширкатҳои аврупоӣ бинобар ҷанг дар Украина, бахусус тақозои чашмрас барои муҳимоти ҷангӣ ва сомонаҳои зиддиҳавоӣ дар соли 2023 афзоиши қобили мулоҳизае дошт.
Оморҳои вобаста ба Русия ҳарчанд комил нестанд, нишон медиҳанд, ки иқтисоди ин кишвар ҳарчӣ бештар рӯйи ҷанг ва тавлиди аслиҳа таваҷҷуҳ дорад. Даромади ду ширкати русӣ, ки дар феҳристи 100 ширкати калони ҷаҳон ҳастанд, ҳудуди 40 дарсад афзоишро нишон медиҳад.
Ҳаҷми фурӯши ширкатҳои исроилӣ, ки дар феҳристи 100 ширкати калони ҷаҳон ҳастанд, дар соли 2023 бо 15 дарсад афзоиш ба 13,6 миллиард доллар расид.
Даромади ширкати туркии "Байрактар" (Байрақдор), тавлидкунандаи паҳпод низ бинобар фурӯши ин ҷангафзорҳо ба Украина ва афзоиши сармоягузории артиши Туркия дар ин замина 24 дарсад афзоиш ёфтааст.
Трамп ба гуфтушуниди миёни Русия ва Украина даъват кард
Раисҷумҳури мунтахаби Амрико бо шарҳи суқути режими Башор Асад дар Сурия, ба оташбаси фаврӣ ва гуфтушуниди сулҳ миёни Русия ва Украина даъват кард.
Изҳороти Доналд Трамп дар ин бора рӯзи 8-уми декабр дар шабакааш, Truth Social, нашр шуд.
Вай навишт, ки "Башор Асад дигар нест. Аз кишвараш гурехтааст. Русия ба раҳбарии Владимир Путин дигар майли ҳимоят аз ӯ надорад."
Ба қавли Доналд Трамп, Маскав ба сабаби ҷанг дар Украина, ки "600 ҳазор сарбози рус кушта ё захмӣ шудаанд", таваҷҷуҳашро ба Сурия аз даст дод.
Ӯ хоҳони созиши Владимир Зеленский, президенти Украина, бо Русия шуд, "то ба ин девонагӣ поён бахшад".
"Ман Владимир Путинро хуб медонам. Ҳоло вақти амал аст. Чин ёрӣ карда метавонад. Ҷаҳон мунтазир аст!", -- таъкид кард Трамп.
Доналд Трамп рӯзи 7-уми декабр бо Эммануэл Макрон, президенти Фаронса ва Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина дар Порис (Париж) мулоқот дошт. Суҳбати онҳо беш аз ним соат идома кард, аммо аз натиҷааш ба хабарнигорон чизе гуфта нашуд.
Раҳбарони се кишвар ба маросими бозкушоии калисои Нотр-дам дар Порис (Париж) рафтанд. Қисме аз ин калисо соли 2019 сӯхта буд.
Тавсифи лоиҳавии хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистон ба анҷом расид – мақомот
Мақомоти тоҷик гуфтанд, ки дар ҷаласаи навбатии гурӯҳҳои маконнигории Тоҷикистон ва Қирғизистон ду кишвар "тавсифи лоиҳавии гузариши хати сарҳади давлатии Тоҷикистону Қирғизистонро ба анҷом расониданд».
Хабари мухтасари КДАМ Тоҷикистон рӯзи 7 декабр дар сомонаи хабаргузории расмии “Ховар” нашр шуд. Дар он гуфта шудааст, ки давоми рӯзҳои 1 то 7 декабр дар шашҳри Ботканди Қирғизистон “вохӯрии навбатии гурӯҳҳои кории топографӣ ва гурӯҳҳои корӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқии ҳайатҳои ҳукуматии Тоҷикистон ва Қирғизистон” оид ба аломатгузории сарҳади давлатӣ баргузор шуд.
Натиҷаҳои мувофиқаҳои ҳосилшударо ҳайатҳо ба протоколи поёни нишаст ворид кардаанд, омадааст дар ин хабар. Айни чунин хабарро дафтари матбуоти ҳукумати Қирғизистон ҳам 7 декабр нашр кард.
Ҷузъиёти аз ин беш нашр намешавад.
Аз ин пеш, рӯзи 4 декабр дар шаҳри Ботканд раҳбарони КДАМ-и ду кишвар гуфтанд, ки Тоҷикистон ва Қирғизистон марзнигорӣ ё кашидани хати сарҳади ду кишварро ба поён расондаанд.
Саймуъмин Ятимов, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ва ҳамтои ӯ аз Қирғизистон, Қамчибек Тошиев, дар паёми кӯтоҳ гуфтанд, ки мушкили марзии байни ду кишвар ба пуррагӣ ҳал шуд ва акнун он дар як созишномаи байнидавлатӣ барои имзо ба президентҳои ду кишвар пешниҳод хоҳад гашт. Дар гузашта ин хатти сарҳад сабаби ҷанҷолу хунрезӣ шудааст.
Ятимов дар назди хабарнигорон он замон гуфт, дар масъалаи делимитатсияи сарҳади давлатии байни Тоҷикистон ва Қирғизистон гуфтушуниди фарогире баргузор гашт.
"Ба зеркомиссияҳои масъалаҳои топографӣ ва ҳуқуқӣ супоришҳои дахлдор дода шуданд, ки ин масъаларо то охир кор карда, ба поён расонанд. Дар давоми кор навбат ба масъалаи созмондиҳии ҳуқуқӣ мерасад ва мо тадриҷан ба созишномаи байнидавлатии таъйини сарҳади давлатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон ноил мешавем," -- афзуд ӯ.
Қамчибек Тошиев, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон, ин лаҳзаро таърихӣ номид.
Вай гуфт, "дар ин ҷаласа масъалаҳои вобаста ба марз ҳаллу фасл ва тамоми тӯли сарҳад мувофиқа карда шуд.
Ман бо тамоми масъулият гуфта метавонам, ки ин лаҳзаи таърихӣ аст. Қадами боқимонда таҳияи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ, қабули он аз тарафи порлумон ва имзои сарварони давлатҳост.
Фикр мекунам, дар чанд моҳи наздик марзи давлатии худро ниҳоӣ хоҳем кард."
Тарафҳо дар бораи он ки хати нави марз кадом қаламравҳоро ба кадом кишвар вогузор мекунад, ҷузъиёте надоданд.
Ҳамаи давраҳои гуфтушуниди топографҳо ва ҳайатҳои давлатӣ паси дарҳои баста ҷараён гирифта, ҳеч гуна тафсилоте дар бораи минтақаҳои баҳснок расонаӣ нашудааст.
Тоҷикистон ва Қирғизистон тақрибан ҳазор километр марз доранд.
Номуайянӣ дар сарҳад дар солҳои 2021 ва 2022 сабаби муноқишаи хунин шуд ва аз ҳарду тараф даҳҳо куштаву захмӣ бар ҷой гузошт.
Чаро дар бадани делфинҳо маводи нашъа ошкор шуд?
Донишмандони Техас дар бофтаҳои делфинҳои Халиҷи Мексика чанд намуд маводи дорувор, аз ҷумла нашъаро ошкор кардаанд.
Бо муаллифони ин таҳқиқот шабакаи телевизионии ABCNews ҳамсӯҳбат шуд. Донишмандон мегӯянд, ки намунаҳои равғани зери пӯсти 83 делфини зиндаву шаш делфини мурда санҷида шуд ва ҳадди аққал дар бофтаҳои сӣ делфил яке аз маводҳои дорувори мисли фентанил, миорелаксант ва транквилизатор ошкор шудааст.
Ҳамин намуди дорувор дар соли 2013 ҳам ба даст омада буд ва, ба гуфтаи олимон, ин маънои онро дорад, ки як мушкили дерина то ҳол ҳалли худро пайдо накардааст. Фентанил як намуди маводи мухаддир аст, ки онро дар бадани 24 делфин пайдо кардаанд.
Донишмандон мегӯянд, делфинҳо об намехӯранд ва маводи дорувор дар моҳӣ ва ҷонварҳои бесутунмӯҳраи дарёии дигаре вуҷуд доштааст, ки делфинҳо онҳоро истеъмол мекунанд. Эҳтимолан маводи нашъаоварро ё киштисаворон ба об партофтаанд ваё ин мавод бо роҳи оби корез ва обҳои кишоварзӣ ба хариҷ роҳ ёфтааст.
Таъсири дарозмуддати маводи мухаддир ба бадани ҷонварҳои обӣ пурра омӯхта нашудааст. Вале делфинҳо хусусияти нодире доранд, ки аз рӯи чарби зери пӯсти онҳо мешавад вазъи сиҳҳатии тамоми муҳити зисти зериобиро баҳогузорӣ кард.
Натиҷаҳои интихоботи Руминияро баъди эҳтимоли дахолати Маскав бекор карданд
Додгоҳи конститутсионии Руминия натиҷаҳои интихоботи президентиро, ки дар давраи аввалаш як номзади ростгарои дӯсти Маскав баранда гардид, бекор намуд.
Қарори додгоҳ 6 декабр баъди изҳороти додситонҳои Руминия содир шуд, ки гуфтанд, дар ҷараёни овоздиҳӣ ҷиноятҳои компютерие содир шудааст, ки ба дахолати Русия ба интихобот ишора мекунанд.
Дар интихобот ногаҳон барои ҳама номзади ростгаро Келин Ҷорҷеску баранда гардид. Феълан маълум нест, ки оё бо бекор шудани натиҷаҳо иштироки номзадҳо дар интихоботи нав чӣ гуна сурат мегирад ва то куҷо Ҷорҷеску барои мубориза барои курсии аввал роҳ дода мешавад ё на.
Дар остонаи даври аввали овоздиҳӣ номзад Диана Шошоакэ барои таблиғи ифротгароӣ ва дидгоҳҳои зиддияҳудӣ аз ҳақи ширкат дар интихобот маҳрум шуд. Додгоҳи конститусионии Руминия рӯзи ҷумъа гуфт, ки санаи баргузории интихоботи навро ҳукумат бояд эълон кунад.
Президенти амалкунанда Клаус Йоҳаннис, ки мӯҳлати раҳбариаш 21 декабр ба анҷом мерасад, гуфт, то замони маълум шудани президенти нав дар сари кор мемонад. Ғалабаи ногаҳонии Ҷорҷеску ҳолати шокро дар ҷомеаи Руминия эҷод кард ва Шӯрои олии дифои миллии Руминия баъди таҳқиқке гуфт, ошкор намудааст, ки дар ҷараёни интихобот бо истифода аз шабакаи TikTok як ҳамлаи густурда ва ҳамаҷонибаи интернетӣ аз ҷониби Маскав сурат гирифт ва ба ҷараён ва натиҷаҳои интихобот таъсиргузор шуд.
Президент барои ҷорӣ кардани ҳолати ҷангӣ дар Кореяи Ҷанубӣ узр пурсид
Президенти Кореяи Ҷанубӣ Юн Сок Ёл рӯзи 7 декабр барои ҷорӣ кардани ҳолати ҷангӣ дар кишвар узрхоҳӣ кард ва ваъда дод, ки аз иҷрои масъулиятҳояш канорагирӣ намекунад.
Хабаргузории "Рёнхап" бо такя ба муроҷиате аз дафтари президенти Кореяи Ҷанубӣ навишт, ӯ гуфтааст: “Маъзарат мехоҳам. Аз одамоне, ки бисёр тарсиданд, узр мепурсам”. Юн гуфтааст, ки эълони ҳолати ҷангӣ дар кишвар натиҷаи “як ҳолати ноилоҷии президент буд, ки масъули умури давлатӣ дониста мешавад”. Ӯ ваъда дод, ки омода аст барои рафтораш масъулияти сиёсӣ ва ҳуқуқӣ нишон диҳад ва, ба навиштаи KBS, таъкид намуд, ки ҳолати ҷангии дуюм “ҳеҷ гоҳ эълон намешавад”.
7 декабр қарор аст парлумон барои қабули тарҳи эълони нобоварӣ ё импичмент ба президенти Кореяи Ҷанубӣ овоздиҳӣ барпо кунад. Ин тарҳро мухолифон пешниҳод кардаанд, чун мегӯянд, ки Юн мехост табаддулоти давлатӣ барпо кунад. Дар ҳизби ҳоким гуфтанд, ки истеъфои президент амри ногузир мебошад.
Рӯзи 3 декабр Юн эълон кард, ки, ба гуфтааш, “ба хотири мубориза бо ҷонибдорони дохилии Кореяи Шимолӣ” дар кишвараш ҳолати ҷангӣ ҷорӣ мекунад. Қароре, ки шаш соат умр дид, фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, ташкили эътирозҳо, корпартоиро манъ карда, дар кишвар сензура ва кори додгоҳҳои низомиро фаъол мекард, ки ҳақи содир кардани ҳукмҳои маргро доранд.
Мухолифон гуфтанд, ки дар назди парлумон беш аз 5 ҳазор эътирозгар ҷамъ шудааст. Депутаҳои парлумон дар лаҳзаҳое, ки низомиён талош доштанд бинои парлумонро ишғол кунанд, қарори президентро бекор карданд. Чандин мақомдори калидӣ, аз ҷумла вазири мудофеа Ким Ён Хён ба истеъфо рафтанд.
Аз 2950 рубл боло. Таъини нархи ягонаи имтиҳон барои муҳоҷирон дар Русия
Нахуствазири Русия Михаил Мишустин қарореро имзо кард, ки бар асоси он барои гирифтани шаҳрвандии Русия нархи ягонаи имтиҳонҳои забони русӣ ва таъриху асосҳои давлатдории Федератсияи Русия таъин мешавад.
Хосторони гирифтани шаҳрвандӣ ва шиносномаи Русия бояд барои ҳар як имтиҳон 2950 рубл – ҷамъ 5900 рубл супоранд.
Нархи имтиҳонҳо барои гирифтани иҷозатномаи зисти муваққатӣ дар Русия 5900 рубл ва иҷозатномаи кор 3800 рубл таъин шудааст.
Қарори дигаре, ки Мишустин рӯзи 6 декабр имзо кард, дар бораи идораҳои давлатии масъули гирифтани имтиҳон аз хориҷиҳо мебошад. Рӯйхати чунин идораҳоро вазорати илм дар ҳамоҳангӣ бо ВКД ва Рособрнадзор таҳия мекунанд ва кормандони ин идораҳо бояд мутахассиси соҳаҳои филология, лингвистика ё забоншиносӣ ва ҳуқуқ бошанд.
Баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус” марти соли ҷорӣ, дар Русия бозбинӣ ва тағйири бисёр қонунҳои вобаста ба муҳоҷирон ва коргарони хориҷӣ шурӯъ шуд, ки хусусияти маҳдудкунанда, табъйизомез ва ҳам поймолкунии ҳуқуқи инсонро дорад. Бисёр муҳоҷирон, аз ҷумла аз Тоҷикистон, ки одат доранд Русияро макони асосии кору даромади худ ва оилаҳояшон арзёбӣ кунанд, гирифтани шаҳрвандии ин кишварро амри муҳим барои будубоши осону қонунӣ дар ин кишвар арзёбӣ мекунанд.
Манъи беш аз 80 навъи кор ба муҳоҷирон дар Твер
Аз соли нави 2025 Дар вилояти Твери Русия муҳоҷиронро аз ҳақи кор дар 82 соҳа маҳрум хоҳанд кард.
Ин маҳдудиятҳо, аз ҷумла ба бахшҳои марбут ба воситаҳои нақлиёту маориф, тандурустӣ, савдои чаканаву яклухт, хадамоти иҷтимоиву маъмурӣ ва хоҷагии ҷангал дахл дорад.
Раиси вилоят гуфтааст, ин ташаббус ба хотири бо ҷойи кор таъмин кардани шаҳврандони Русия гирифта шудааст.
Зимнан, ба Думаи давлатӣ тарҳи қонуне ворид гардид, ки тибқи он корфармоён муваззаф мешаванд, аввал шаҳрвандони Русия ва танҳо баъди он муҳоҷиронро ба кор қабул кунанд.
Яке аз ташаббускорони лоиҳаи қонун - раиси ҳизби либерал-демократитӣ Леонид Слутский исрор меварзад, ки бо сабаби муҳоҷирон ҳазорон нафар аз шаҳрвандони Русия бекор ҳастанду аз маоши муносиб маҳрум шудаанд.
Аз як боздоштгоҳи Русия 11 муҳоҷирро ба Тоҷикистон мефиристанд
Мақомоти ВКХ Тоҷикистон мегӯянд, дар Маркази нигаҳдории муваққатии шаҳрвандони хориҷии Сарраёсати ВКД Русия дар шаҳри Егорйевски вилояти Маскав 98 шаҳрванди Тоҷикистон нигаҳдорӣ мешавад.
Маълум нест ин нафарон бо чӣ сабаб дар ин муассиса нигаҳ дошта мешаванд, вале ба иттилои мақомот, дар мулоқот бо онҳо рӯзи 5 декабр кормандони Хадамоти консулии сафорати Тоҷикистон масъалаи бо чиптаи бозгашт ба ватан таъмин кардани 11 нафари онҳоро ҳал кардаанд. Илова ба ин, ба шаҳрвандони Тоҷикистон хӯроку об ва дигар кӯмакҳои ниёзи аввал ироа карда шудааст.
Дар хабари расмӣ гуфта мешавад, ки бо шаҳрвандони боздоштшуда оид ба дигаргуниҳо дар қонунгузории Русия дар самти муҳоҷират ҳам сӯҳбате анҷом шудааст.
Ин хабар дар ҳолест, ки Русия баъди ҳамла ба толори консертии “Крокус” қонунҳои муҳоҷираташро ба шиддат маҳдуд ва сахттар кард ва ҳазорҳо муҳоҷирон, аз ҷумла тоҷикистониҳоро боздошту истирдод намуд. Ҳодисаҳои поймолшавии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик дар Русия ҳамарӯза расонаӣ мешавад.
Айбдоршавандае дар додгоҳи Бишкек гарданашро бурид
Дар Қирғизистон як айбдоршаванда дар ҷараёни мурофиаи додгоҳӣ гарданашро бурид.
Ба иттилои Радиои Азаттик, муассиси ширкати сохтмонии KG Group Имомиддин Ташов, ки барои даъватҳои оммавӣ ба ғасби қудрат муҳокима мешавад, рӯзи 6 декабр дар додгоҳи ноҳияи Первомайскии шаҳри Бишкек бо кадом маводи ношиносе гарданашаро буридааст.
Ташовро муҳофизони додгоҳ нигоҳ доштанд. Ёрии таъҷилӣ Ташовро аз додгоҳ ба беморхона бурд ва аз он ҷо ӯро ба боздоштгоҳ интиқол доданд. Вазъи саломатии ӯ маълум нест.
Бо ҳукми додгоҳи имрӯза, ҳабси Ташовро то 8 феврали соли 2025 тамдид каданд. Ташов моҳи апрел боздошт ва аз рӯи ду моддаи Кодекси ҷиноӣ гумонбар эълон шуд. Худи ӯ гуфтааст, ки ӯро поёни соли 2023 ходимони КДАМ боздошт карда аз ӯ пул талаб кардаанд.
Дар Гурҷистон 23 эътирозгар ба ҷавобгарии ҷиноӣ кашида шуданд
Дар Гурҷистон зидди 23 ширкатдори намоишҳои эътирозие, ки бо манъи ҷараёни ҳамгироӣ бо Аврупо розӣ нестанд, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.
Дар ин бора ВКД Гурҷистон хабар додааст. Нисбати 13 нафар аз рӯи иттиҳоми ташкили хушунати гурӯҳӣ ваё иштирок дар он ва авбошӣ парванда боз шудааст.
Як нафарро дар ташкили таркиш гумонзад кардаанд. Исми гумонбаршудаҳо маълум нест, вале аз пеш маълум аст, ки дар миёни онҳо хориҷиҳо ҳам мебошанд.
Ба ҳамаи онҳо то 9 соли зиндон таҳдид мекунад. Дигар гумонбарон барои вайрон кардани моликияти давлатӣ ва ҳамла ба ходимони полис ба ҷавобгарӣ кашида шудаанд.
Рӯзи 5 декабр ҳам эътирозҳо идома кард:
Дар Тифлис, Батуми ва дигар шаҳрҳои Гурҷистон ҳашт шабонарӯзи ахир намоишҳои эътирозӣ ҷараён доранд.
Полис зидди эътирозгарон бо шеваи бераҳмона рафтор карда, дар маҷмӯъ рӯзи 4 декабр беш аз 300 нафарро боздошт кардааст.
Дар Русия даромади курйерҳо боло рафтааст
Соли 2024 даромади курйер ё борбарҳо дар Русия назар ба мутахассисони компютерӣ, табибон ва духтурон баландтар шудааст.
Дар ин бора 6 декабр сомонаи РБК хабар додааст. Аз моҳи январ даромади курйерҳо ба ҳисоби миёнаи як корхона дар Русия 15 дарсад зиёд шуда аз марзи 115 ҳазор рубл дар моҳ гузаштааст.
Ин пул аз маоши таҳлилгарони иттилоотӣ як каме зиёд бошад, аз маоши духтуру муаллимону журналистон қариб 2,5 баробар бештар будааст.
Сабаби инро бо якбора кам шудани шумори коргарони курйер рабт медиҳанд. Пешниҳоди кор ба курйерҳое, ки пиёда фармоишро иҷро мекунанд, қариб ду баробар зиёд шудааст.
Ҳамлаи паҳподҳои украинӣ ба Керчи ишғолшуда
Шаби 6-уми декабр ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ ба шаҳри Керчи нимҷазираи ишғолшудаи Қрим ҳамлаҳо анҷом доданд.
Шаби 6-уми декабр ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ ба шаҳри Керчи нимҷазираи ишғолшудаи Қрим ҳамлаҳо анҷом доданд. Дар шаҳр садоҳои таркиш шунида шудааст. Телеграм-канали "Крымский ветер" гуфт, таркишҳо дар маҳалли ҷойгиршавии корхонаи киштисозии «Залив» мушоҳида шудааст.
Хонандагони сомонаи Крым.Реалии таркишҳо дар Керчро тасдиқ карда гуфтанд, ки садои се таркишро бо фосилаи 10-20 дақиқа шуниданд. Вазорати мудофеаи Русия гуфт, ки шаби 6-уми декабр нирӯҳои зиддиҳавоӣ дар фазои Қрим як паҳподи украиниро нобуд карданд. Ба илова, дар фазои Баҳри Сиёҳ ду паҳподи баҳрӣ ҳам хунсо карда шуааст.
Ин хабарро ҷониби украинӣ ҳанӯз шарҳ надодааст. Русия гуфт, ки дар давоми шаби гузашта нирӯҳои зиддиҳавоӣ 33 паҳпод, аз ҷумла 14-тоашро дар фазои вилояти Воронеж, 11-тоашро дар фазои Курск ва 7 ададашро дар фазои вилояти Белгород нобуд кардаанд.
Мақомоти Воронеж гуфтанд, дар ин ҳодиса касе осеб надидааст, мақомоти вилоятҳои дигар хабарро шарҳ намедиҳанд.
Рейди милиса ва миллатгароҳои рус алайҳи муҳоҷирон дар Сургут
Аъзои Созмони миллатгарои "Русская обшина" дар шаҳри Сургут алайҳи муҳоҷирон рейд гузарондаанд.
Дар навори нашркардаи ин гурӯҳ дида мешавад, ки миллатгароҳо ба анбори як тарабхона даромада, бо муҳоҷирон дағалона муносибат мекунанд.
Намояндагони "Русcкая обшина" навиштаанд, ҳамроҳ бо кормандони ниҳодҳои қудратӣ муҳоҷиронро тафтиш карданд.
Аммо дар видео дида мешавад, ки чанд кас бо рӯйи пӯшида ба анбор медароянд ва дар либосашон нишони ин созмони миллатгаро ҳаст. Кормандони ниҳодҳои қудратӣ дар кӯча дида мешаванд.
Аъзои "Русская обшина" навиштаанд, ҳуҷҷати даҳҳо муҳоҷирро санҷиданд ва як қисми онҳо аз Русия ихроҷ мешаванд.
Навори рейди аъзои созмони миллатгаро дар ҳоле нашр мешавад, ки дар саҳифаи Вазорати корҳои дохилии Русия дар минтақаи Сургут, дар бораи гузарондани рейд нисбати муҳоҷирон хабаре нест.
Ҳашт млн еврои БАТР барои беҳбуди низоми обрасонии Бохтар ва Данғара
Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд барои беҳтар шудани кори низоми обтаъминкунӣ дар шаҳри Бохтар ва ноҳияи Данғара, 8 миллион евро грант ё маблағи бебозгашт медиҳад.
Созишномаи мазкур 3-юми декабр аз сӯи Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молия ва Холгер Вифел, намояндаи доимии бонк дар Тоҷикистон имзо шудааст.
Аз 8 миллион евро нисфаш барои низоми таъмини об дар Бохтар ва боқимонда барои ноҳияи Данғара ҷудо мешавад.
Ба иттилои Вазорати молия, ин маблағ барои "сохтмон ва барқарорсозии обанборҳои мавҷуда, безараргардонии оби нӯшокӣ ва саривақт бо оби тозаи нӯшокӣ таъмин намудани аҳолӣ", масраф мешавад.
Таъмини сокинон бо оби тоза яке аз мушкилиҳои асосӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон гуфта мешавад.
Тибқи иттилои Корхонаи хоҷагии манзилию комуналӣ, танҳо 66 дарсади аҳолии Тоҷикистон бо оби ошомиданӣ таъмин аст.
Президенти Тоҷикистон аз кори додрасҳо интиқод кард
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз кори баъзе додрас ё судяҳо дар кишвар норозигӣ карда гуфт, бештари шикояти сокинон аз болои додрасҳо аст.
Президент Эмомалӣ Раҳмон 5-уми декабр дар вохӯрӣ бо додрасҳои кишвар гуфт, аз соли 2020 ба ин тараф аз болои кори додгоҳҳои кишвар, ба Дастгоҳи иҷроияи президент 4332 муроҷиат ворид шудааст.
Ба гуфтаи раиси ҷумҳур, баъзе шаҳрвандон аз яктарафа баррасӣ шудани парвандаашон такрор ба такрор муроҷиат мекунанд. Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин аз қонуншикании кормандони додгоҳҳо дар кишвар нигаронӣ карда гуфт, давоми даҳ соли ахир 45 додрас, муовинон ва раисони судҳои шаҳру ноҳияҳо барои даст ба фасод задан зиндонӣ шудаанд.
Президенти Тоҷикистон аз қазияи раиси пешини Додгоҳи ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ёдоварӣ кард, ки барои латукӯби як марзбон аз вазифааш ронда шуд.
Дар бораи ин қазия аввал шуда Радиои Озодӣ рӯзи 16-уми июли имсол хабар дода буд ва ду рӯз пас Зоҳир Муминзода бо фармони президент аз вазифа барканор шуд.
Муминзода рӯзи 26-уми июл расонаҳоро гунаҳкор кард, ки "ҳолати ба сараш омадаро сенсатсия карда, нашр карданд". Аммо Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 5-уми декабр гуфт, раиси додгоҳ бархилофи кодекси одоби додрасро сарбозро латукӯбу дашном додааст.
Президент берун аз маърузааш афзуд, "фарзанди ягон раиси додгоҳ хизмат намекунад ва ба қадри хизмат ҳам намерасад".
Додрасҳо дар Тоҷикистон бо фармони президент таину барканор мешаванд.
Ақибнишинии нерӯҳои Асад. Шӯришиён Ҳаморо "гирифтаанд"
Артиши Сурия рӯзи 5-уми декабр эълон кард, ки аз шаҳри Ҳамо ақибнишинӣ кардааст. Ин таҳаввул зарбаи дигаре барои раисҷумҳур Башор Асар дониста мешавад.
Баёнияи артиш чанд соат пас аз он нашр шуд, ки ҷангҷӯёни мухолифи ҳукумати Башор Асад эълом карданд, ки вориди шаҳри Ҳамо шуданд.
Ҳамо шаҳри роҳбурдӣ ё стратегӣ ба шумор меравад ва барои артиши Сурия назорат бар ин шаҳр амри ҳаётӣ дониста мешавад.
Пирӯзии шӯришиён дар Ҳамо дар ҳоле сурат гирифтааст, ки ба гуфтаи Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия, “нерӯҳои режими Асад ва ниманизомиёни ҷонибдори давлат ба раҳбарии афсарони русӣ ва эронӣ аз он муҳофизат мекарданд".
Артиши Сурия эълон кардааст, ки барои ҳифзи ҷони ғайринизомиён аз Ҳамо берун шуд.
Шӯришиёни мухолифи режими Башор Асад ба раҳбарии гурӯҳи "Таҳрир-аш-Шом" (Амрико аз соли 2018 созмони террористӣ номбар мекунад) аз 27-уми ноябр ба ин сӯ Ҳалаб, Идлиб ва Ҳаморо дар Сурия ишғол карданд.
Дидбони Ҳуқуқи Башари Сурия, қароргоҳаш дар Лондон, рӯзи 4-уми декабр гузориш дод, ки дар ин муддат беш аз 360 шӯришӣ, зиёда аз 230 нерӯи давлатӣ ва 110 ғайринизомӣ кушта шудаанд.
"Меҳргон" ва рубоб дар феҳристи мероси фарҳангӣ
Ҷашни қадимии "Меҳргон", ки понздаҳ сол боз дар Тоҷикистон расман таҷлил мешавад, ба Феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО ворид шудааст.
Ин тасмимро рӯзи 4-уми декабр дар ҷаласаи 19-уми Кумитаи байнидавлатии ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар Парагвай эълон карданд.
Ҷашни “Меҳргон” дар Тоҷикистон ҳар сол дар якшанбеи сеюми моҳи октябр баргузор мешавад.
Инчунин, ҳунари сохтан ва навохтани рубоб (рабоб) ҳамчун мероси муштараки фарҳангии ғайримоддии Афғонистон, Эрон, Тоҷикистон ва Узбекистон дар ЮНЕСКО сабти ном шуд.
Намояндагони Тоҷикистону Афғонистон, Эрон ва Узбекистон рубоб (рабоб)-ро рӯҳи мусиқии ин кишварҳо ва пайвастани таърихи фарҳанги ин кишварҳо бо наслҳои оянда унвон карданд.
Рубоб (рабоб) як асбоби мусиқии суннатист, ки бо истифода аз чӯбу торҳои махсус сохта мешавад ва дар фарҳангу мусиқии ин кишварҳо ҷойгоҳи вижа дорад.
Рамазон Қодиров ду мансабдори русро ба муҳоҷирситезӣ муттаҳам кард
Рамазон (Рамзан) Қодиров, раҳбари Чеченистон, сиёсати вазири корҳои дохилӣ ва раиси Кумитаи тафтишоти Русияро дар мавриди муҳоҷирон танқид кард.
Ӯ рӯзи 4-уми декабр дар суҳбати мустақим бо хабарнигорон гуфт, Владимир Колоколтсев ва Александр Батрикин сазовори ин мақомҳои баланди давлатӣ нестанд.
“Бо фармони Колоколтсев муҳоҷиронро мезананд, боздошту ихроҷ мекунанд. Онҳо бародарони мо ҳастанд ва мо ба онҳо эҳтиёҷ дорем. Баъд мегӯянд, ки касе намехоҳад бо мо дӯстӣ кунад. Чаро мо Украина ва Гурҷистонро аз даст додем? Чаро равобити мо бо кишварҳои дигар низ зери фишор аст?" – пурсид Қодиров.
Вай дар идома ду мансабдори баландпояи Русияро накӯҳиш кард, ки ҳолати кишвари худро намедонанд: “Онҳо ба минтақаҳо намераванд ва бо мардум суҳбат намекунанд. Дар курсиҳо нишаста, худсариву ноадолатӣ мекунанд. Намебинанд, ки дар паси тирезаашон чӣ рӯй медиҳад. Худои таоло ҳатман онҳоро муҷозот хоҳад кард.”
Вазири корҳои дохилӣ ва раиси Кумитаи тафтишоти Русия ҳанӯз вокуниш накардаанд.
Видеоро дар ин ҷо бинед:
Рамазон Қодиров дар идомаи мулоқоти мустақим бо хабарнигорон аз суҳбати президентҳои Русия ва Узбекистон ёдовар шуд.
Дар он мулоқот Владимир Путин ва Шавкат Мирзиеёв дар масъалаи муҳоҷирати корӣ тавофуқи назар доштанд ва мувофиқат карданд, ки дарёфти роҳҳои ҳалли қобили ҳар ду тараф зарур аст. Аммо ба гуфти Қодиров, Колоколтсев ва Бастрикин хилофи ин мувофиқат амал мекунанд.
Дар ҳафтаҳои охир ин севумин ҷумҳурии мусулмоннишини Русия аст, ки барои ҳимоят аз муҳоҷирон садо баланд мекунад.
Қаблан ҷумҳуриҳои Тотористон ва Бошқирдистон ҳам ба мавқеи нармтари ҳукумати Русия дар муқобили муҳоҷирон даъват карда буданд.
Дар ҳамин ҳол, қонунгузорон дар Думаи давлатии Русия барои маҳдуд кардани ҳаққи муҳоҷирон, аз ҷумла аз таҳсил дар мактабҳо маҳрум намудани фарзандони муҳоҷирон иқдом кардаанд.
Украина ба зидди мансабдорони гурҷӣ таҳрим ҷорӣ кард
Украина ба зидди ҳукумати Гурҷистон таҳрим ҷорӣ кард.
Фармони Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина, дар ин бора рӯзи 5-уми декабр имзо шуд.
Ин таҳрим 19 нафарро дар бар мегирад.
Дар миёни онҳо бунёдгузори ҳизби "Орзуи гурҷӣ" Бидзина Иванишвили, сарвазир Ираклий Кобахидзе ва шаҳрдори Тбилиси Каха Каладзе ҳастанд.
Ба қавли Зеленский, маҳдудият ба онҳое дахл дорад, ки “манфиатҳои Гурҷистон ва мардумро мефурӯшанд” ва “Гурҷистонро ба [президенти Русия Владимир] Путин таслим мекунанд."
"Мо аз Аврупо, Амрико ва ҳама дар ҷаҳон даъват мекунем, ки ҳамин тавр амал кунанд," -- гуфт Зеленский дар паёми видеоӣ дар Telegram.
Амрико аз ҳукумати Гурҷистон хост, бо норозиён бадрафторӣ накунад
Иёлоти Муттаҳидаи Амрико аз ҳукумати Гурҷистон хостааст, ки бо эътирозгарон дар ин кишвар бадрафторӣ накунад.
Ин даъват пас аз чанд рӯзи саркӯб, истифодаи аз ҳад зиёди нерӯ ва шиканҷаи эътирозгарон дар Тбилиси садо дод.
Энтони Блинкен, котиби давлатӣ ё вазири корҳои хориҷии Амрико, рӯзи 4-уми декабр дар баёнияе гуфт, "Иёлоти Муттаҳида хушунати бераҳмона ва ноодилонаи ҳизби "Орзуи гурҷӣ"-ро алайҳи мардум, тазоҳургарон, намояндагони расонаҳо ва мухолифон шадидан маҳкум мекунад."
Блинкен инчунин аз ҳукумати Гурҷистон даъват кард, ки аз истифодаи "тактикаи саркӯбкунанда, бахусус ҳабсҳои худсарона ва хушунати ҷисмонӣ" даст кашад.
Эътирозҳо дар посух ба тасмими ҳукумати Гурҷистон дар бораи то соли 2028 боздоштани музокирот барои пайвастани ин кишвар ба Иттиҳоди Аврупо оғоз шуданд. Ҳизби ҳокими "Орзуи гурҷӣ" тасмими худро дар ин бора рӯзи 28-уми ноябр эълон кард.
Аз он пеш, 26-уми октябр, дар Гурҷистон интихоботи порлумонӣ баргузор гашт. Мақомот ҳизби "Орзуи гурҷӣ"-ро пирӯз донистанд, аммо мухолифон, президент Саломе Зурабишвили ва гурӯҳе аз сокинон онро тақаллубӣ дониста, хоҳони баргузории интихоботи нав шуданд.
Ихроҷи даҳҳо паноҳҷӯи афғонистонӣ аз Тоҷикистон
Дар ду рӯзи охир тақрибан 60 муҳоҷир ё паноҳҷӯйи афғонистонӣ аз Тоҷикистон ихроҷ (берун) карда шудаанд.
Як корманди консулгарии Афғонистон дар Хоруғ, ки зери итоати "Толибон" аст, бо тасдиқи хабар рӯзи 5-уми декабр гуфт, муҳоҷирон ба воситаи гузаргоҳи "Шерхон Бандар" ба Афғонистон гузаштанд.
Ба иттилои ӯ, ки нахост номаш бурда шавад, "муҳоҷирони ихроҷшуда дар шаҳри Ваҳдат, ноҳияи Рӯдакӣ ва шаҳри Душанбе кору зиндагӣ доштанд".
"Санадҳояшон дуруст буд, аммо сабаби ихроҷро намедонам. Бештари ихроҷшудаҳо аз тарафи пулиси Ваҳдат бозҷӯйӣ ва сипас ронда шудаанд. Як бор 16 ва дафъаи дигар беш аз 40 нафар, яъне дар ду ҳолат, ихроҷ карда шудаанд," – афзуд ӯ.
Рӯё Ҳафизӣ, яке аз муҳоҷирони афғонистонӣ дар шаҳри Ваҳдат (канори Душанбе), гуфт, шавҳараш Нақибулло Ҳафизиро рӯзи 4-уми декабр аз Тоҷикистон ихроҷ карданд.
Вай дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, панҷ сол боз дар Тоҷикистон ҳастанд. Сабаби ихроҷи шавҳарашро касе ба ӯ шарҳ надодааст.
"Рӯзи чоршанбе дар идораи пулис будем. Омада, ҳамаро бор карда ба Душанбе бурданд. Баъдан шавҳарам тамос гирифт, ки дар марз ҳастем. Панҷ кӯдак дорам. Дар як таҳхона зиндагӣ мекунем. Ноновари хонавода шавҳарам буд, дигар намедонем чӣ кор кунем,” -- нақл кард ӯ.
Нусратулло Маҳмадзода, сухангӯйи Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки аз ихроҷи муҳоҷирони афғонистонӣ хабар надорад. Вале ҳамзамон афзуд, "бар асоси муқаррарот, вақте қоидаҳои будубошро риоят намекунанд, сабаби ихроҷашон мешавад."
Дар солҳои 2021 ва 2022 зиёда аз 80 муҳоҷири афғонистониро аз Тоҷикистон ронда буданд. Яке аз онҳо санади паноҳандагӣ доштааст.
Мақомот далели рондани онҳоро нақзи қоидаи иқомат номиданд. Кумисюни олии Созмони Милал он замон гуфта буд, ки маҷбуран ба кишварашон фиристодани муҳоҷирони афғонистонӣ ва афродеро, ки аз таъқиб фирор кардаанд, "ғайриқонунӣ буда, ҷони онҳоро зери хатар мегузорад."
Дар Тоҷикистон беш аз 10 ҳазор паноҳандаи афғонистонӣ ба сар мебаранд. Аксари онҳо то ба сари қудрат омадани "Толибон" дар Афғонистон ба Тоҷикистон омадаанд.