Дар пайи зарбаҳои ҳавоии Русия дар маҳаллаи бозоре дар шимоли Сурия 81 нафар кушта шудааст, ки миёни онҳо дастикам 52 сокини осоишта мавҷуд аст.
Созмони дидбони ҳуқуқи башари Сурия, мақараш дар Бритониё, рӯзи 11 январ хабар дод, ки дар зарбаҳои ҳавопаймоҳои русӣ ба бозор дар вилояти Идлиби Сурия шаш шӯришӣ ва 23 ҷангии гурӯҳи ифротии "Ҷабҳат ал-Нусра", бахши суриягии шабакаи "Ал-Қоида", кушта шудаанд.
Дар ин бино додгоҳи шариатӣ ва маҳбасхона низ воқеъ буд. Дар ҳамлаҳои ҳавоӣ 52 нафар бо шумули сокинони осоишта ва маҳбусоне, ки ҳангоми зарбаи ҳавоӣ дар ин бино буданд, ба ҳалокат расиданд. Гуфта мешавад, ки миёни кушташудагон дастикам ду зан ва як кӯдак ҳам буданд.
Русия 30 сентябри соли гузашта барои дастгирии раиси ҷумҳури Сурия Башор Асад, ки шарики Кремл мебошад, дар ин кишвар амалиёти ҳавоӣ роҳандозӣ кард.