Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Орбан: Дар марзҳои Юнон девор бунёд шавад


Виктор Орбан
Виктор Орбан

Виктор Орбан, нахуствазири Маҷористон, изҳор намуд, ки Иттиҳодияи Аврупо ба хотири ҷилавгирӣ аз мавҷи муҳоҷирон бояд дар марзҳои шимолии Юнон девор бунёд кунад. Ӯ дар сӯҳбат бо Радиои Маҷористон рӯзи 8 январ гуфт, ки созиши Иттиҳодияи Аврупо бо Туркия барои ҷилавгирӣ аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ ба қаламрави Иттиҳодияи Аврупо кофӣ нест.

Нахуствазири Маҷористон пешниҳод кард, ки Булғористон ба минтақаи Шенген шомил карда шавад ва Македония барои таҳкими марзҳояш аз маблағи зарурӣ бархӯрдор гардад.

Виктор Орбан таъкид намуд, ки Маҷористон бо бунёди девор дар марзҳои ҷанубияш тавонист мавҷи муҳоҷирон ба Аврупоро коҳиш диҳад. Тасмими Маҷористон барои бунёди ин девор мавриди интиқоди дигар кившарҳои узви Иттиҳодияи Аврупо шуд, аммо Словения ва Австрия аз он пуштибонӣ ва дар марзҳояшон девор бунёд карданд.

Иттиҳодияи Аврупо ба Туркия ба хотири пешгирӣ аз вуруди муҳоҷирони ғайриқонунӣ беш аз 3,2 миллиард доллар пешниҳод намуд. Анкара рӯзи 8 январ хабар дод, дар чаҳорчӯби созиш бо Иттиҳодияи Аврупо барои суриягиҳое, ки аз кишварҳои саввум меоянд, раводид ҷорӣ кардааст. Ин талоши ҷудо кардани паноҳандагони суриягӣ аз муҳоҷирони корӣ аз Миср, Лубнон ва дигар кишварҳост, ки бо санадҳои тақаллубии Сурия вориди Туркия мешаванд.

Ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, соли гузашта беш аз як миллион паноҳандагону муҳоҷирон аз Ироқ, Сурия, Афғонистон ва дигар кишварҳо ба Аврупо омаданд. Шумораи аз ҳама бештари онҳоро Олмон пазируфтааст.

XS
SM
MD
LG