Кормандони полиси Фаронса ҷавони тақрибан 20-25-солаеро ҳадафи тир қарор доданд, ки ба дарвозаи идораи полиси ҳавзаи 18-уми Порис наздик шуда ба ду полис бо корд таҳдид кард. Ба гуфтаи шоҳидони ҳодиса, ҳамлагар «Аллоҳ Акбар!» фарёд мезад.
Кормандони полис гумон карданд, ки ӯ камарбанд бо маводи тарканда дорад, аз ин рӯ сӯяш оташ кушоданд. Вале баъд аз тафтиши ҷасад дар бадани ӯ маводи тарканда пайдо нашуд.
Ҷавони кушташуда бо худ санаде ҳам надошт. Дар ҷойи ҳодиса як телефони дастӣ ошкор шуд, ки шояд ба ӯ талллуқ дошт. Тафтиши ҳодиса шурӯъ шудааст.
Вазорати умури дохилаи Фаронса ин ҳодисаро чун ҳамлаи террористӣ арзёбӣ накардааст.
Ҳодиса дар ҳоле рӯй дод, ки дар Порис маросими солгарди ҳамла ба идораи маҷаллаи "Шарлӣ Эбдо" идома дошт, Дар он ҳамла, ки расо як сол пеш - 7 январи соли 2015 сурат гирифта буд, 12 нафар, аз ҷумла, ҳашт корманди маҷалла кушта шуданд.