Вазири адлияи Олмон мегӯяд, агар довталабони мақоми паноҳандагӣ дар моҷарои амалҳои шаҳвонӣ дар шаҳри Кёлн даст дошта бошанд, онҳо аз кишвар хориҷ карда хоҳанд шуд.
Ҳейко Маас дар як мусоҳиба рӯзи 7 январ гуфт, ҳама онҳое, ки қонуну тартиботро нақз мекунанд, новобаста ба киву аз куҷо буданашон, бояд муҷозот шаванд. Агар довталабони мақоми паноҳандагӣ дар Олмон дар ин ҳамлаҳои шаҳвонӣ даст дошта бошанд, бар пояи қавонини кишвар то ҳадди аққал як сол аз озодӣ маҳрум карда хоҳанд шуд, гуфт Ҳейко Маас дар сӯҳбат бо шабакаи расонаҳои “Функе”.
Даҳҳо занони сокини шаҳри Кёлн ба полис дар он бора шикоят карданд, ки шаби Соли нав мавриди амалҳои шаҳвонӣ ва ғорати мардҳои ношинос қарор гирифтанд. Ин гуна ҳодисаҳо дар шаҳри Ҳамбург ҳам рӯй доданд.
Аксари шоҳидон гуфтанд, ки амалҳои шаҳвониро афроди арабнажод ва зодаҳои Африқои Шимолӣ содир кардаанд, вале мақомот мегӯянд, дар бораи ҳамлагарон иттилои дақиқ мавҷуд нест.
Ин ҳодиса дар ҷомеъаи Олмон баҳсҳоро дар бораи рафтору кирдори муҳоҷироне барангехт, ки аз Ховари Миёна ва шимоли Африқо вориди кишвар шуданд. Ба иттилои Созмони Милали Муттаҳид, соли гузашта беш аз як миллион паноҳандагону муҳоҷирон аз Ироқ, Сурия, Афғонистон ва дигар кишварҳо ба Аврупо омаданд. Шумораи аз ҳама бештари онҳоро Олмон пазируфтааст.