Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пхенян бомби ҳавосӯзи худро озмоиш дод


Кореяи Шимолӣ эълон кард, ки 6 январ аввалин озмоиши бомби хурди гидрогенӣ ё ҳавосӯзи худро бомуваффақият анҷом додааст. Дар ҳамин ҳол кишварҳои ҳамсояи наздик ба минтақаи анҷоми озмоиш заминларзаи камшиддатро мушоҳида кардаанд.

Эълони Пхенян-пойтахти Кореяи Шимолӣ дар ҳоле садо дод, ки дар наздикии маҳали озмоиш заминларзаи 5,1 дараҷаиро сабт карданд.

Агар анҷоми ин озмоиш таъйид шавад, дар он сурат он чаҳорумин озмоиши ҳастаии Кореяи Шимолӣ хоҳад буд, ки бар хилофи таҳримҳои СММ анҷом мегирад ва он нишонаи қадами ҷиддӣ дар роҳ ба сӯи такмили аслиҳаи ҳастаӣ мебошад.

Шӯрои Амнияти СММ, Кореяи Ҷанубӣ ва Ҷопон 6 январ хостори мулоқоти фаврӣ шуданд, то ба ин озмоиш ҷавоб диҳанд. Шинзо Абе-нахуствазири Ҷопон ин озмоишро “ба таври ҷиддӣ маҳкум кард” ва онро “хатари ғайриқобили таҳаммул барои амнияти кишварҳои ҳамсоя “ номид.

Ҷопон ва Кореяи Ҷанубӣ гуфтанд, ки як ҷо бо СММ кор хоҳанд кард, то Короеяи Шимолиро ба муҷозот кашанд. Амрико мегӯяд, ки дар ҷавоб ба ин амали “таҳрикомез”-и Кореяи Шимолӣ даст ба иқдомоти “муносиб “ хоҳад зад.

XS
SM
MD
LG