Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар шимоли Ҳиндустон заминларза рух дод


Бозори марказии Импҳал
Бозори марказии Импҳал

Дар минтақаи шимолӣ ва дурафтодаи Ҳиндустон ба шиддати 6.7 дараҷаи ҷадвали Рихтер зилзила рух додааст. Дар он 4 нафар ба ҳалокат расидааст ва тақрибан 100 нафари дигар маҷруҳ шудаанд.

Бино ба гузоришҳо, дар зилзилаи субҳи 4 январ харобиҳои бештар дар шаҳри Импҳал-маркази аёлати Манипур мушоҳида шудааст. Деворҳо кафидаанд ва бинои бозори машҳури аёлат фурӯ рехтааст.

Як бинои навсохти шаштабақа низ дар ин шаҳр хароб шудааст. Мардум дар Гауҳатии аёлати Ассами ҳамсоя низ ваҳшатзада шудаанд ва аз хонаҳояшон берун давиданд. Сокинон дар давоми 60 сония ду такони шадидро эҳсос кардаанд.

Зилзиларо дар шаҳри Калката-маркази аёлати Банголаи ғарбӣ низ эҳсос кардаанд.

XS
SM
MD
LG