Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Айбномаи парвандаи қатли Немтсов ниҳоӣ шуд


Заур Додоев, яке аз гумонбарон дар куштори Борис Немтсов
Заур Додоев, яке аз гумонбарон дар куштори Борис Немтсов

Кумитаи тафтишоти Русия рӯзи 29 декабр айбнома алайҳи панҷ нафарро, ки дар куштори сиёсатмадори мухолифин Борис Немтсов гумонбар мешаванд, ниҳоӣ кард. Дар ин бора Шамсуддин Сакаев, вакили дифои яке аз гумонбарон Заур Додоев, ба хабаргузории РИА Новости хабар дод ва гуфт, ки ба ҳамаи онҳо ҳукми абад таҳдид мекунад.

Дар матни ниҳоии айбнома гуфта шудааст, ки куштор аз рӯи фармоиш сурат гирифтааст. Фарзияи интиқом барои пуштибонии Немтсов аз тасвирҳои танзомези Паёмбари ислом дар маҷаллаи фаронсавии Charlie Hebdo аз матни ниҳоӣ берун карда шудааст.

Аз ин пеш Владимир Маркин, сухангӯи Кумитаи тафтишот, ба хабаргузории Интерфакс хабар дод, ки дар куштори Борис Немтсов панҷ шаҳрванди Чеченистон – Заур Додоев, Анзор Губашов, Ҳамзат Баҳоев, Шадид Губашев ва Темирлан Аскархонов муттаҳам хоҳанд шуд. Онҳо бо гумони куштор дар ҳайати гурӯҳи муташаккил, ғайриқонунӣ харидан ва нигаҳ доштани силоҳи оташфишон боздошт шудаанд.

Тафтишот ният дорад, ки моҳи январ тафтиши парвандаро анҷом диҳад ва асноди ҷамъоваришударо барои ошноӣ ба ҷабрдидагон, намояндаҳои онҳо ва сипас ба гумонбарону вакилони дифои онҳо ироа кунад, изҳор намуд Владимир Маркин.

Намояндаи Кумитаи тафтишот афзуд, созмондиҳандаи эҳтимолии ин ҷиноят Руслан Муҳиддинов алҳол дар озодист ва дар кофтукоби федероливу байнулмилалӣ қарор дорад. Руслан Муҳиддинов ронандаи Руслан Геремеев, муовини пешини фармондеҳи баталёни “Север”-и вазорати умури дохилаи Чеченистон буд. Хонаводаи Немтсов мегӯяд, Геремеев дар куштор даст дорад, аммо чун ӯ аз афроди наздики раисиҷумҳури Чеченистон Рамазон Қодиров аст, мақомоти тафтишот ба эълони иттиҳом алайҳи ӯ ҷуръат намекунанд.

Вадим Прохоров, вакили дифои хонаводаи Немтсов, ба созмондиҳандаи асосии куштор будани Руслан Муҳиддинов шубҳа дорад. Ӯ рӯзи 29 декабр ба хабаргузории Интерфакс гуфт, ки Муҳиддинов “дар поёни ин занҷира” аст ва куштори Немтсов бо фармоиши мансабдорони воломақом сурат гирифтааст, вале аз тавзеҳоти бештар худдорӣ намуд.

Борис Немтсов шоми 27 феврали соли равон дар маркази Маскав ҳадафи тир қарор гирифт.

XS
SM
MD
LG