Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

RSF: 67 хабарнигор зимни ифои вазифа ҷон бохтанд


Дар соле, ки сипарӣ мешавад, 67 хабарнигор ҳангоми ифои вазифа кушта шудааст. Дар ин бора созмони “Хабарнигорони бидуни марз” (RSF), мақараш дар Порис, дар гузориши солонааш хабар дод, ки рӯзи 29 декабр нашр шуд.

Соли саввум аст, ки Сурия хатарбортарин кишвар барои хабарнигорон шинохта мешавад. Гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки дар ин кишвар амал мекунад, масъулияти куштори 40 дар сади ҳама хабарнигорони ҷонбохтаро бар дӯш дорад, гуфта шудааст дар гузориши “Хабарнигорони бидуни марз”.

Ба феҳристи кишварҳои барои хабарнигорон хатарнок Ироқ, Бразилия, Бангладеш, Судони Ҷанубӣ ва Яман ҳам шомил шуданд – дар ҳар яке аз ин кишваро панҷ хабарнигорӣ ҳангоми иҷрои вазифа ба ҳалокат расидаанд.

Дар гузориш ҳамчунин 43 ҳодисаи ҳалокати мармӯзи хабарнигорон ҳам оварда шудааст.

Аз ин пеш Кумитаи амрикоии дифоъ аз хабарнигорон дар бораи ҳалокати 69 корманди равонаҳо ҳангоми иҷрои вазифаашон хабар дода буд. Ба иттилои ин созмон, 29 хабарнигорон аз сӯи ситезаҷӯёни гурӯҳҳои исломӣ кушта шудаанд. Ба рӯйхат ҳашт корманди маҷаллаи фаронсавии Шарлӣ Эбдо ҳам шомиланд, ки моҳи январ ҳангоми ҳамла ба дафтари ин маҷалла дар Порис ҷон бохтанд.

XS
SM
MD
LG