Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар сӯхтори Душанбе зани 45-сола ҷон бохтааст


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки дар пайи сӯхтор дар бинои баландошёна, воқеъ дар кӯчаи Шотемур 25-и ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт, соҳиби хона Сӯфия Раҳимоваи 45-сола ҷон додааст. Ба иттилои вазорат, ин сӯхтор субҳи 29 декабр рух дода, бо кумаки оташнишонҳо хомӯш карда шуд, аммо ин зан аз заҳролудшавӣ аз дуди ғализ ба ҳалокат расидааст.

Дафтари матбуоти ВКД мегӯяд, ҳангоми сӯхтор дар дохили хона ҳамроҳ бо Сӯфия Раҳимова духтараш Суман Раҳимова (1995) ва писараш Мустафо Ҳаётов (2010) қарор доштаанд. "Дар натиҷаи гузарондани амалиёти махсуси фаврии оташнишонӣ аз дохили ҳуҷраи оташгирифта, соҳибхоназан бо фарзандонаш ба ҷои бехавф бароварда шуда, соҳибхоназан аз ҷониби кормандони милиса ба беморхона дастрас карда шуд. Мувофиқи иттилои кормандони беморхона соҳибхоназан Раҳимова С.З. дар натиҷаи заҳролудшавии зиёд аз дуди ғализ, ба ҳалокат расидааст."

Вазорати корҳои дохилӣ иллати ин сӯхторро "расиши кӯтоҳи ноқилҳои барқӣ дар барқтақсимкунаки дохили ҳуҷраи зист" донистааст. Ба иттилои ин ниҳод, ду фарзанди Сӯфия Раҳимова ҳоло саломатанд.

XS
SM
MD
LG