Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эътилофи Сурия обанбори Тишринро гирифт


Ҷангандаҳои араб, курд ва масеҳиҳои Сурия зоҳиран як обанбори стратегиро дар шимоли Сурия ба контроли худ даровардаанд. Ҳамзамон гузориш дода мешавад, ки дар ҳамлаҳои ҳавоӣ як фармондеҳи дигари шӯришиён дар наздикиҳои Димишқ кушта шудааст ва музокироти сулҳ, ки барои моҳи оянда ба нақша гирифта буданд, зери суол рафтааст.

Сарҳанг Талол Селу-сухангӯи нируҳои эътилоф , ки акнун аз он чун Сурияи Демократӣ ном мебаранд гуфтаааст, ки ҷангандаҳои эътилоф обанбори Тишринро дар рӯдхонаи Фурот 26 декабр ба аз тундравҳои Давлати Исломӣ ба тасарруфи худ даровардаанд.

Нозирони ҳуқуқи башари Сурия марказаш дар Британия мегӯяд, ки нируҳои эътилоф баъд аз тасарруфи ин обанбор бо тундравҳои Давлати Исломӣ машғули даргирифои шадид мебошанд.

Ҳадафи тасарруфи ин обанбор қатъи роҳҳои икмолотии тундравҳои Давлати Исломӣ арзёбӣ мешавад. Тундравҳо бештар аз ниругоҳи ҳамин обанбор нируи барқ мегирифтанд.

XS
SM
MD
LG