Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

12 маҷрӯҳ дар зилзилаи Афғонистон


Дар зилзилаи шадиди шаби гузашта дар вилояти Нангарҳори Афғонистон 12 нафар маҷруҳ ва ба бемористон интиқол дода шудаанд. Атоуллоҳ Хугиёнӣ-сухангӯи волии вилоят 26 декабр гуфт, чанд нафар аз донишҷӯён ҳангоми зилизила талош кардаанд, зудтар аз бино берун раванд ва дар талотуум зери по монда маҷруҳ шудаанд.

Маркази баррасиҳои ҷуғрофиёии Амрико хабар додааст, ки шиддати зилзила 6,2 дараҷаи ҷадвали Рихтерро ташкил додааст ва маркази зилзила дар вилояти Бадахшони Афғонистон дар наздикии марз бо Тоҷикистон будааст.

Зилзила дар умқи 203 километри зери замин рух додааст. Дар Душанбе-пойтахти Тоҷикистон ва дар Деҳлӣ низ шиддати зилзиларо эҳсос карданд. Дар Кобул сокинон аз тарс хонаҳоро зуд тарк кардаанд.

Моҳи октябр дар Покистону Афғонистон ба шиддати 7,5 дараҷа зилзила рух дод ва 400 нафар кушта бар ҷой гузошт.

Моҳҳои ахир дар Тоҷикистон низ зуд-зуд заминларза рух медиҳад. 7 декабр як заминларзаи шадид Тоҷикистонро такон дод. Ба иттилои Маркази зилзилашиносии Тоҷикистон маркази он дар наздикии Мурғоб буд ва шиддаташ ба 7-8 дараҷа мерасид. Мақомоти Тоҷикистон гуфтанд, бино ба ҳисобҳои пешакӣ дар пайи ин заминларза ҳудуди 700 хонаи сокинон хароб шуда, 2 нафар ҳалок ва даҳ тани дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштаанд.

XS
SM
MD
LG