Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

46 миллион $ фоидаи Тоҷикистон аз фурӯши барқ


Бино ба иттилои ширкати “Барқи тоҷик”, дар соли ҷорӣ Тоҷикистон ба Афғонистон ба миқдори 1 миллиарду 137 миллион киловатт-соат ва ба Қирғизистон 159 миллион киловатт-соат неруи барқ содир кардааст.

Ба гузориши ин манбаъ маблағе, ки аз фурӯши неруи барқ ба ин ду кишвар ба даст омадааст, 46 миллион доллари амрикоиро ташкил додааст.

Зимнан, Мирзо Иброҳим, раиси ширкати “Барқи тоҷик” рӯзи гузашта дар иҷлоси парлумони Тоҷикистон гуфт, ки ба далели камбуди хатти баландшиддати интиқоли неруи барқ ҳамасола дар фасли тобистон дар ин кишвар ҳудуди 3 миллиард киловатт-соат талаф мешавад.

Ҷаноби Иброҳим ибрози умедворӣ кард, ки дар сурати бунёди хатти баландшиддати “КАСА-1000” Тоҷикистон метавонад дар фасли тобистон ба Афғонистону Покистон неруи барқ содир карда ва аз ин ҳисоб ба миқдори 150 миллион доллар даромад ба даст орад.

XS
SM
MD
LG