Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҳои шадид дар вулусволии Сангин


Дар вулусволии Сангини вилояти Ҳилманди Афғонистон байни нируҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳҳои Толибон ҷангҳои шадид идома дорад. Муҳаммад Маъсум Станакзай-сарпарасти вазорати дифои ин кишвар 23 декабр ба матбуот гуфт, ки нируҳои тақвиятӣ ба вулусволии Сангин расидаанд.

Муҳаммад Маъсум Станакзай ба хабарнигорон гуфт, ки вай ҳамчунин аз нируҳои эътилофи байналмиллалӣ кӯмак, ба вижа кӯмаки ҳавоӣ хостааст.

Британия нируҳои маҳдуди худро дар чаҳорчӯбаи эътибори НАТО ба Ҳилманд фиристодааст. Сангин вулусволии муҳими кишти тарёк ба шумор меравад ва бо Покистон ҳаммарз аст.

Бӯҳрони Ҳилманд ба ҳукумати президент Ашраф Ғанӣ фишори бештар ворид кардааст. 20 декабр муовини волии вилоят дар як иқдоми ғайримаъмулӣ дар сафҳаи Facebook-и худ ҳушдор дод, ки агар ба Ҳилманд кӯмакҳои фаврӣ расонда нашавад, ин вилоят суқут хоҳад кард. Вай ҳамчунин аз Ашраф Ғанӣ хост, ки шахсан худаш аз вилоят боздид кунад ва бо вазъ ошно шавад.

XS
SM
MD
LG