Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури Туркманистон мегӯяд, ки такмили сохтмони лулаи нави газ ҳамкориҳоро бо Аврупо густариш медиҳад. Вай ин суханонро 23 декабр дар шаҳраки Белек дар соҳили Дарёи Хазар дар маросими гушоиши қисмати лулаи газ дар қаламрави Туркманистон баён дошт.
Лулаи гази Ҷануб-Ғарб чоҳи гази Туркманистонро бо соҳилҳои шарқии Дарёи Хазар пайваст мекунад. Интизор меравад, ки ин лулаи 2,5 миллиард долларӣ замоне ба Лулаи Мовари Хазар (ТСР) васл шавад.
Аз ин лулаи газ Иттиҳодияи Аврупо ҷонибдорӣ мекунад, вале то ҳол он дар коғаз чун тарҳ боқӣ мондааст, зеро роҷеъ ба мақоми ҳуқуқии Дарёи Хазар баҳсҳо идома дошт ва Туркманистон имзои қарордод бо ширкатҳои энержии хориҷиро рад мекард.
Бердимуҳаммадов гуфт, мавҷудияти газ дар марзҳои ғарбии Туркманистон ба Лулаи Моварои Хазар ё Trans-Caspian pipeline нафаси тоза медиҳад. Лулаи Шарқ-Ғарб 773 километр мебошад.