Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гаже: Бастаи машкук дар Боинг бомб набудааст


Дар ҳавопаймои ширкати Air France, ки рӯзи 20 декабр ба таври изтирорӣ дар фурудгоҳи шаҳри Момбаси Кения фуруд омад, бомб ошкор нашуд. Дар нишасти хабарӣ дар Порис раиси ширкати ҳавопаймоӣ Фредерик Гаже гуфт, ки мутахассисон бастаи машкуки дар ҳуҷраи дастшӯӣ ошкоршударо омӯхтанд ва дарёфтанд, ки дар он баста фақат коғазу картон будааст.

Ҳавопаймои Боинг 777-и ширкати Air France бо459 мусофир ва 14 сарнишин, ки бояд дар фурудгоҳи Шарл-де-Голли Порис фуруд меомад, дархости нишасти изтирорӣ дар фурудгоҳи Мосбасроро кард. Ҳама мусофирон ба ҷойи амн интиқол дода шуданд.

Аз ин пеш ҳавопаймои Airbus A-321-и ширкати "Когалимавиа", ки рӯзи 31 октябр бо 224 мусофиру сарнишин сӯи шаҳри Санкт-Петербург парвоз мекард, баъд аз чанд дақиқаи тарки фурудгоҳи шаҳри фароғатии Шарм-ул-Шайх дар болои нимҷазираи Синойи Миср ба замин сарозер шуд. Мақомоти Русия гуфтанд, ки дар ҳавопаймо бомба мунфаҷир шудааст, аммо комиссиюни махсуси кумитаи тафтишоти Миср инро тайид накардааст.

XS
SM
MD
LG