Барак Обама, раисиҷумҳури Амрико, ва хонумаш Мишел, шоми ҷумъа дар шаҳри Сан-Бернардинои Калифорния бо пайвандони қурбониёни ҳамлаи террористӣ дар ин шаҳр ва кормандони полису табибон мулоқот кард.
Ҳамла ба маркази кӯмаки иҷтимоӣ дар шаҳри Сан-Бернардино рӯзи 2 декабр сурат гирифт ва дар он 14 нафар кушта ва беш аз 20 каси дигар маҷрӯҳ шуданд. Омидони ин ҳамла - Ташфин Малик ва шавҳараш Сайёд Форуқ рӯзи 3 декабр дар тирандозӣ бо пулис кушта шуданд. Ташфин Малик шаҳрванди Покистон ва шавҳараш Форуқ – шаҳрванди Амрико буданд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифтааст.
Обама баъд аз мулоқот дар мактаби Индиан Спрингс, ки беш аз соат ва то соати 11 шаб ба вақти маҳаллӣ идома кард, гуфт, ин сӯҳбат барои ӯ як ҳодисаи илҳомбахш гардид ва таҳаммулпазирии одамон ӯро такон дод. Ба гуфтаи сарвари Амрико, хонаводаҳои қурбониён аз қишрҳои гуногуни ҷомеъа ва мардуми динҳои гуногунанд онҳоро метавон намунаи мустаҳкамӣ, ваҳдат ва муҳаббат номид.
Ба иттилои Кохи Сафед, Барак Обама аз кормандони ҳифзи тартибот ва дигар афроде, ки ба таври сареъ ба ҳамлаи террористӣ вокуниш карданд, изҳори сипос намуд.