Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моурино аз “Челсӣ” ронда шуд


Дастаи футболи “Челсӣ”-и шаҳри Лондон эълом кард, ки Жозе Моурино, сармураббии ин даста аз мақомаш барканор шудааст.

Ин мутахассиси португалӣ дар моҳи июни соли 2013 ба дастаи “Челсӣ” даъват шуда, дар мавсими 2014-2015-и бозиҳои қаҳрамонии Англия ин даста унвони қаҳрамонии Премер-Лигаи Англия ва Ҷоми Лигаро ба даст овард.

Аммо дар мавсими ҷорӣ кори дастаи “Челсӣ” дар бозиҳои қаҳрамонии англия пеш нарафт ва ин даста аз 16 бозӣ 9-тоашро бохт. Гуфта мешавад, ба ин далел Роман Абрамонвич, миллиардери Русия ва соҳиби ин даста Жозе Моуриноро сабукдӯш кардааст.

Ҳамакнун дастаи “Челсӣ” ба ҷустуҷӯи сармураббии ҷадид пардохтааст. Бар асоси бархе аз сару садоҳо мумкин аст ба ин вазифа Гус Ҳиддинк, сармураббии собиқи дастаи мунтахаби Русия таъйин шавад.

XS
SM
MD
LG